logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ мардуми кишварро ба китобхонӣ даъват карда, таъкид доштанд, ки китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд.
Мутаассифона, хонаи фарҳангу китобхонаҳои ноҳияи Дарвоз чандон вазъи хуб надошта,  камбуди толори хониш ва ба талабот ҷавобгӯ набудани китобхонаи марказиву бачагона, ҳамчунин, дар хонаҳои фарҳанг мавҷуд набудани асбобҳои мусиқӣ, компютер, дигар таҷҳизоти зарурӣ аз мушкилоти ҳалталаби соҳа ба ҳисоб мераванд.
Танҳо  моҳи январи соли равон дар қасри фарҳанги ноҳия дукони китобфурӯшӣ ба маблағи 13000 сомонӣ ба истифода дода шуд. Мутаассифона, соли равон дар ноҳия ягон муассисаи фарҳангӣ аз қабили клуб, хонаи фарҳанг, китобхона ва боғи фарҳангӣ бунёд ва навсозӣ нашудааст. Айни ҳол дар бахши фарҳанги ноҳия 39 муассисаи соҳавӣ ва 1 мактаби мусиқӣ амал мекунад. Аз онҳо 9 муассиса таъмирталаб буда, 3 - тои дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ҳамчунин, 10 китобхона дар дохили синфхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 китобхона дар қасри фарҳанг, 4 китобхона дар бунгоҳҳои тиббӣ, 2 китобхона дар бинои ҷамоатҳои деҳот ҷойгиранд, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин нестанд. 
-  Қасри фарҳанги ноҳия аз соли 1935 фаъолияти хешро ба роҳ монда, сарфи назар аз ҷавобгӯ набуданаш ба талаботи замон кӯшиш менамояд, ҳамасола чеҳраҳои навро рӯи саҳна биоварад. Вақтҳои охир  надоштани асбобҳои мусиқӣ, дастгоҳҳои тақвиятдиҳандаи овоз, компютеру принтер, сарулибоси раққосону сарояндагон,  инчунин, камбуди китобҳои зарурӣ ва дар ҳоли табоҳ қарор доштани китобхонаи марказӣ бешубҳа фаъолияти бахши фарҳанги ноҳияро коста гардондааст.    
 Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз  баҳри беҳтар намудани фаъолияти китобхонаҳои ноҳия тадбир андешанд, - иброз намуд - Шодӣ Риоев, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Дарвоз. 

Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 209
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед