logo

Хабарҳо

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

REGNUM. Олмон барои нимсоли минбаъда, ки дар садри Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд, барои худ чандин вазифаи муҳимро мушаххас намудааст.
«Миёни масоили авлавиятдошта нахус-тинаш мубориза бо коронавирус ва ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ аст», - гуфт сафири Олмон дар Россия Геза Андреас фон Гайр.
«Дигар авлавияти садорати Олмон дар ИА таҳкими муносибати Иттиҳоди Аврупо бо Россия маҳсуб меёбад», - афзуд фон Гайр.
Ӯ, ҳамчунин, барқарорсозии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баъди буҳрони пандемӣ, идомаи муносиботи худ бо кишварҳое, ки тарки Иттиҳоди Аврупо кардаанд, тағйирёбии иқлимро ном бурд.


ЛУКАШЕНКО АЗ ОВОЗИ ИНТИХОБКУНАНДАҲОИ ФАСОДКОР ДАСТ КАШИД
INTERFAX.RU. Президенти Беларус Александр Лукашенко мегӯяд, ки мубориза бо коррупсияро идома медиҳад ва намехоҳад ашхоси ба он дастдошта дар интихоботи президентӣ ба ҷонибдорияш овоз диҳанд.
"Дар мо барои назди касе ба ҳуҷраи кораш даромадан ришва додан даркор нест. Агар касе таври дигарро хоҳад -  ман президенташ нестам. Ва ӯ бароям овоз надиҳад", - гуфт Лукашенко.
Коррупсия – зангест, ки на танҳо иқтисод, ҳамчунин, ҷомеа, тамоми оини ҳаётро, ки офаридему зиндагӣ дорем, мехӯрад. «Ин таҳқири одам аст. Ва ман намехоҳам, ки Беларус ғарқи ин мурдоб гардад", - таъкид намуд Президент.


ДУБАЙ БА ПАЗИРОИИ МЕҲМОНОНИ ХОРИҶӢ ШУРӮЪ НАМУД
Associated Press. Сарфи назар аз вазъияти мураккаби коронавирус дар дунё дирӯз Дубай нахустин сайёҳони хориҷиро хайра мақдам гуфт.
Зикр меравад, ки нафарони ба шаҳромада бояд дар 96 соат тести вируси нав супоранд ва натиҷаи ташхисро ҳангоми нишастан ба ҳавопаймо пешниҳод кунанд. Дар акси ҳол мусофирон дар кишвари воридшуда аз ташхис гузаронда, то гирифтани ҷавоби он дар карантин қарор хоҳанд гирифт.
Зимни ин сайёҳон бояд бо худ полиси суғурта бо имконияти ҷуброни табобати сирояти COVID-19 дошта бошанд, ё онҳо ҳама хароҷоти табобат ва таъмини узлатнишиниро худ ба зимма гиранд.


МАРЗБАНДӢ МЕТАВОНАД СОҲАИ ТУРИЗМИ СИНГАПУРРО БАРҲАМ ЗАНАД
Bangkok Post. Соҳаи сайёҳӣ, ки порина ба кишвар 20 миллиард доллар фоида оварда буд, ба ақидаи коршиносон аз бастани сарҳадҳо мумкин аст амалан маҳв гардад.
"Агар мо ба тиҷорати байналмилалӣ барнагардем, индустрияи меҳмонхонаҳо нест мешавад, зеро то 90 дарсади фармоишоти мо аз сайёҳони хориҷиянд", - гуфт Майкл Иссенберг, намояндаи калонтарин оператори меҳмонхонавӣ дар Сингапур.
Соли  гузашта мамлакат миқдори ре-кордӣ - 19,1 миллион сайёҳро қабул намуд, даромади соҳа то 27,7 миллиард доллари сингапурӣ (19,8 миллиард доллари ИМА) афзуд. Бахши туризми кишвар, ки дар он наздики 65 ҳазор нафар банд аст, қариб чор дарсади ММД-ро таъмин месозад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 190
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед