logo

Хабарҳо

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати кишвар 25 июни соли 2020 ироа гаштанд, инчунин, шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони  иншооти ҷашнӣ гурӯҳи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт.

Ҳайат нахуст дар шаҳри Хоруғ бо рафти бунёди театри миллӣ, филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8, ки фармоишгари онҳо  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ошно гашт. Чуноне гуфта шуд, сохтмони театри миллӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд» бомаром ҷараён дошта, айни замон наздики 90 дарсади корҳо ба анҷом расидаанд. Қобили зикр аст, ки пардозгарию гаҷкории ин бинои муҳташами фарҳангиро устоҳои варзидаи вилояти Суғд ба дӯш доранд.
Иншооти дигари ҷашнӣ филиали «Амонатбонк» мебошад, ки аз  ҷониби  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парвиз 92» бунёд меёбад ва тавре зикр гашт, аллакай, қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд. Он чорошёна буда, дорои маҷлисгоҳ, шуъбаҳои алоҳида, қисми амалиётиву ҳуҷраҳои махсус мебошад ва барои эъмори бино аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 10 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҷамъияти  дорои масъулияти маҳдуди “Шариф ШС” бошад, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-ро вусъат бахшидааст ва то имрӯз 85 дарсади корҳо ба итмом расидаанд. Муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, барои 640 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ мешавад ва баҳри бунёди он 26 миллион сомонӣ маблағи буҷетӣ равона гаштааст. Интизор меравад, ки муассисаи номбурда дар арафаи Ҷашни  29-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ҳамзамон, гурӯҳи ҳукуматӣ  аз беморхонаи вилоятӣ ва Маркази  тиббии Оғохон боздид ба амал овард. Зикр гардид, ки дар беморхонаи вилоятӣ  бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии табибон 1 ҳазору 63 нафар бемори COVID – 19 шифо ёфт. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доруворӣ, ниқоб ва дигар маводи зарурии тиббӣ захира шуда, дар ин самт табибон мушкилот надоранд. Дар Маркази тиббии Оғхон бошад, ба шарофати меҳнати фидокоронаи табибони ин даргоҳ, то имрӯз 116 нафар аз коронавирус  сиҳат гашт. Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода барои заҳматҳои шабонарӯзии кормандони ин муассисаҳои тиббӣ дар пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сироятии COVID – 19 аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Чунин вохӯрию суҳбатҳои судманд ва зиндагисоз дар ноҳияҳои вилоят ҳам баргузор гардида, таъкид шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ ва шаҳраку деҳоти ноҳияҳои он беш аз пеш ободу зеботар мешаванд. Бо қомат афрохтани иншооти хуштарҳу замонавӣ маркази маъмурии вилоят ва ноҳияҳо симои худро комилан дигаргун карда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан боло меравад.
С. АЗОРАБЕКОВ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 179
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед