logo

Хабарҳо

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

АИР Новости. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар суҳбати телефонӣ бо Президенти ФР Владимир Путин иброз дошт, ки дар ҳолати зудбадали вазъияти байналмилалӣ ҳамкории зичи стратегии Россия ва Чин ниҳоят зарур аст.
"Дар вазъияти муосири байналмилалӣ, ки басо зуд тағйир меёбад, барои шарикони фарогири стратегӣ Чину Россия иртиботу ҳамкории  густурдаи стратегӣ бағоят муҳим арзёбӣ мегардад", - гуфт Си Ҷинпин.
Сарвари Чин таъкид намуд, ки Пекин тайёр аст минбаъд низ якҷоя бо Москва зидди дахолати беруна, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, амният, манфиатҳои умумии ду кишвар мубориза барад.


ДАР ОЛМОН АВТОБУСҲОИ ВОДОРОДӢ ПАЙДО ШУДАНД
ЕвроПулс. Сокинони шаҳри Вуппертал шоҳиди автобусҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза шуданд, ки сӯзишвории водородиро истифода мебаранд. Он дар неругоҳе ҳосил мешавад, ки партов месӯзонанд.
Зимни истифодаи сӯзишворӣ ягон хел партови зарарнок пайдо намешавад, ба ҷузъ аз буғи об. Айни замон даҳ автобуси нав дар чанд масир ҳаракат дорад. Соли оянда теъдодаш бамаротиб меафзояд. Ҳар автобус то 75 мусофир мебарад.
Агар автобусҳои водородӣ муфид бароянду ба мардум писанд оянд, чунин воситаи нақлиёт метавонад дар дигар шаҳрҳои аврупоӣ низ пайдо гардад. Зимнан, дар Олмон аз соли 2018 қатораи водородӣ истифода мешавад ва чанде пеш чунин поезд дар Нидерланд ҳам пайдо шуд.


ГУРҶИСТОН ДАР БА РӮИ ПАНҶ КИШВАРИ ИТТИҲОДИ АВРУПО МЕКУШОЯД
REGNUM. «Тбилиси бидуни шартҳои пешакӣ марзашро барои шаҳрвандони 5 кишвари Иттиҳоди Аврупо боз мекунад, ки онҳо низ аз ҷониби худ бидуни шартгузорӣ бо тавсияи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Гурҷистонро ба рӯйхати давлатҳои бехавф шомил намуданд», - гуфт сухангӯи сарвазири  мамлакат Ираклий Чиковани.
Ин кишварҳо Олмон, Франсия, Латвия, Литва ва Эстония мебошанд. Зимнан, шаҳрвандони онҳо ба Гурҷистон танҳо бо рейсҳои бевоситаи муттасил омада метавонанд. Қабл аз убури сарҳад бошад, бояд анкетаи вижаро пур карда, аз мақсади сафарашон ба Гурҷистон тафсилоти муфассал диҳанд, ҳамчунин суроға барои тамоси минбаъдаро низ. Шарти ҳатмӣ ба ҳар мусофир нишон додани таърихи сафараш дар 14 рӯзи охир пеш аз омадан ба Гурҷистон аст.

ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН БОЗДОШТИ ДОРУҶАЛЛОБОНРО АМР НАМУД
REGNUM. Политсияи кишвар ба дастгир намудани савдогароне оғоз кард, ки бо харидуфурӯши доруворӣ машғуланд. Аз ин хусус Президенти ҷумҳурӣ Қосим-Жомарт Токаев дар саҳфаи Twitter навиштааст.
«Кормандони мақомоти ҳифзи тартибот ҷиҳати иҷрои супориши ман ба боздошти доруҷаллобон сар карданд», - сабт кардааст сарвари давлат. Ӯ зикр намуд, ки таъмини аҳолӣ бо доруворӣ идома дорад.
6 июл политсия дар Қазоқистон 46 доруҷаллобро ҳабс намуд. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ тартиби воридоти доруро сода карданд.


ДАР ДАНИЯ ТО САД НАФАР ҶАМЪ ОМАДАНИ ШАҲРВАНДОН ИҶОЗАТ ШУД
Copenhagen Post. Ҳукуматдорони кишвар дар доираи тадриҷан бардоштани маҳдудият бинобар хуруҷи коронавирус роҳандозишуда, ба мардум иҷозат доданд, ки то 100 нафар ҷамъ оянд.
Миёнаи моҳи март аз хавфи пандемия ҷамъомади беш аз 10 нафар манъ шуда буд. 8 июн лимити иштирокдорони ҷамъомад то 50 тан зиёд гардид. Тибқи нақшае, ки пешакӣ ироа шуда буд, аз 8 август сокинони кишвар метавонад то 200 нафар дар маъракае ё чорабиние ҷамъ шаванд.
Бо вуҷуди лағви маҳдудият, ба хотири раҳ надодан ба хуруҷи COVID-19 ҳукуматдорон одамонро ба эҳтиёткорӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоӣ, даъват мекунанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 197
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед