logo

Хабарҳо

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим оид ба сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор шуд.
Дар оғоз муовини Сарвазири мамлакат хотиррасон намуд, ки аз 4145 чорабинии тасдиқгардида дар соли 2019 иҷрои 1826-тои он таъмин гашт. 1846 чорабинии дигар бошад, бояд соли ҷорӣ иҷро шавад.
- Мутаассифона, ҷараёни иҷрои корҳои банақшагирифташуда на дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Тибқи маълумоти ахир, дар нимсолаи аввал иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 54,4, Шоҳмансур 41,4, Сино 41,1 ва Фирдавсӣ 37,4 дарсадро ташкил медиҳад, ки қаноатбахш нест,- изҳори нигаронӣ намуд Азим Иброҳим.
Баъзе аз масъулин дар суханрониҳои худ сабабҳои қафомонии корҳоро  ба маҳдудиятҳо ва паҳншавии бемории коронавирус рабт доданд. Муовини Сарвазири мамлакат бо овардани далелҳои мушаххас роҳҳои ҳалли масъалаҳоро пешниҳод карда, таъкид намуд, ки Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар муҳлатҳои пешбинишуда ва бо сифати баланд бояд таъмин гардад.
-Хушбахтона, рӯз ба рӯз зиндагӣ ба маҷрои қаблии худ баргашта истодааст ва мо бояд тавассути самаранок ташкил намудани корҳо дар ҳамаи самтҳо қафомониро бартараф сохта, чорабиниҳои банақшагирифташударо иҷро намоем,- гуфт Азим Иброҳим.
Муовини Сарвазири мамлакат бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки шаҳри Душанбе бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна симои худро зебо гардонда истодааст, аммо ин сарбории иловагӣ ба инфрасохтори  мавҷудаи шаҳрдорӣ мебошад. Дар иртибот ба ин, ба роҳбарони КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе», шабакаҳои барқ, гармидиҳӣ ва дигар сохторҳо супориш дода шуд, ки иқтидорҳои мавҷудаи таъмини об, корезӣ, барқ, пайвастшавӣ бо шабакаҳои гармидиҳиро дар асоси ҳисобу китоби дақиқ омӯхта, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудан аз ҳолатҳои рух додани садама ё мушкилии таъмини хизматрасонӣ дар якҷоягӣ бо сармеъмор ва кумитаи заминсозӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Азим Иброҳим махсус таъкид намуд, ки имкониятҳои ҳалли муҳандисии мушкилот вуҷуд доранд ва ҳар як соҳа бояд дар асоси ҳисобу китоби дақиқи муҳандисӣ корро ба роҳ монад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 223
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед