logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

МУАММОИ «У» ДАР МОБАЙН
1. Хати росте, ки аз як тараф бо нуқта маҳдуд аст. 2. Намуди кунҷ. 3. Шакли геометрӣ.  4. Як намуди пирамида. 5.  Як намуди муодилаи квадратӣ. 6. Барои тарҳ ва ҷамъи касрҳои махраҷашон гуногун чӣ гуна махраҷ меёбанд?. 7. Фигураи геометрӣ.

Таҳияи Маъруф ИСЛОМОВ
хонандаи синфи 8 - и шаҳри Кӯлоб

ҶАВОБ БА СКАНВОРДИ «СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОД, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ», АЗ 3 ИЮЛИ СОЛИ 2020
1. Шоҳамбарӣ. 2. Атлас. 3. Чакан. 4. Сафед - Дара, 5. Кандакорӣ. 6. Саразм. 7. Чилучорчашма. 8. Адрас. 9. Сӯзанӣ. 10. Кулолгарӣ. 11. Қуроқ, 12. Сангтарошӣ. 13. Искандаркӯл. 14. Оинабандӣ. 15. Наққошӣ. 16. Гаҷкорӣ. 17. Рағза, 18. Намад. 19. Хоҷа Оби Гарм. 20. Заргарӣ. 21. Ҳавотоғ. 22. Муғ.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Бо ҳамин ман нонро гирифта омадам. Минбаъд ягон чиз даркор шавад, ҳамсоягӣ карда, худам рафта меовардам, ордро ҳам худам мебурдаму нонро ҳам худам меовардам. Шавҳараш ҳар рӯз пагоҳӣ баромада рафта, дами бегоҳ меомад. Як рӯз Ширмоҳ аз пагоҳӣ дар лаби чашма сари тағора нишаста, ҷомашӯӣ мекард. Соат аз нуҳ гузашта буду радио дар иҷрои ҳофизони ҷавон суруд мешунавонд.
* * *
Шудам пазмони оби чашмасорон,
Равам дар кӯҳсорон хона созам.
Шавам як лаҳза беқайду сабукрӯҳ,
Ба худ як олами афсона созам.

Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 3 июли соли 2020
Марк Твен
А. Лоҳутӣ

Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед!

Телефон: 238-53-40

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА


ХУҶАНД. ГУЗАРГОҲИ ДАРОЗТАРИНИ ЗЕРИЗАМИНӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Бино ба иттилои АМИТ "Ховар" дар назди бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд гузаргоҳи зеризаминие мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки  ҳар бинандаро мафтун месозад.
Гузаргоҳ дорои 10 даромадгоҳ буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Алиев ба маблағи 20 миллион сомонӣ бо  дарозии 260 ва паҳноии 18 метр сохта шудааст. Дар он 114 нуқтаи савдо фаъолият намуда,  истеҳсолоти либосҳои дохилӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули кори эҷодкорон манзури харидорон шудааст. Бунёди чунин гузаргоҳи калони зеризаминӣ самараи рушди босуботи кишвар ва инкишофи соҳаи тиҷорат арзёбӣ гардида, барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон ва бахусус таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ, мусоидат хоҳад намуд. Он дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ҲИКМАТИ ПОДШОҲӢ
Соли 1859 Австрия хатари ҷанг бо Франсияро эҳсос кард ва намояндаи Франс - Иосиф, шоҳи Австрия, бо нома ба пойтахти Россия - Петербург омад. Шоҳи Австрия аз императори Россия Александри II хоҳиш карда буд, ки ҷавонмардӣ нишон дода, кинаи ҷанги Қримро аз дил бадар созад ва ба ӯ ёрӣ расонад.
Александри II ба намояндаи шоҳи Австрия шифоҳӣ посух дод:
- Ҳамчун инсон ин таҳқирро нодида гирифтам, аммо ҳамчун шоҳ ҳаргиз онро намебахшам.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
КУРТУА
Соли 1811 олими франсуз Бернард Куртуа дар лабораторияи худ саргарми кор буд ва чун ҳамеша гурбаи дӯстдоштааш сари китфонаш менишаст. Болои мизи кориаш бошад, ду зарф дошт: дар шишаи якум хокистари спиртонидашудаи обсабзҳои баҳрӣ ва дар зарфи дуюм кислотаи сулфат. Ногаҳон, гурбаи эркаро хумори бозӣ гирифт, ки аз баландӣ ба болои миз хез зад. Аз зарби пойи ҷонвар ҳар ду шиша ба замин сарозер шуда, маҳлулҳояшон ба ҳам омехт. Олими бағазабомада якбора ҳайрон шуд, вақте дид, ки аз фарш абри кабуди бунафшранг ба ҳаво мехезад. Вале ба зудӣ дарк намуд, ки ҳамин ҳоло элементи нав ихтироъ кардааст…
Имрӯз кашфиёти Бернард Куртуаро бо номи «йод» хурду бузург истифода мекунанд. Аммо кам касоне медонанд, ки дар ихтирои йод гурба ҳам даст ва ҳам «ҳаққи муаллифӣ» дорад.
Таҳияи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ИХТИРООТИ ЗАНОНАЕРО, КИ МАРДОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД
Котиба Синтия Вестовер бошад басо хонуми тозакор буд. Ба ин хотир, тасмим гирифт, ки тартиботро оид ба покиза нигоҳ доштани хонаву кӯча ҷорӣ намояд. Ҳатто дар фасли зимистон, ки кӯчаҳо пур аз барф мегарданд. Соли 1892 Синтия бо ҳамин мақсад мошини барфғундорро ихтироъ намуд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


МОДАРАМ БАРОИ МАН ЗЕБОТАРИН ЗАНИ ДУНЁ БУД
Мери Энн (соли таваллудаш 1874)  «Зани зиштрӯтарини  ҷаҳон» ном гирифтааст. Аввал зани зебо буд. Дар ҷавонӣ оиладор шуд ва чор фарзанд ба дунё овард. Вақте 32  сол дошт, гирифтори бемории гигант ва гипертрофияи  дасту пой  гардид. Зоҳири ӯ, бахусус дастон ва чеҳрааш, комилан тағйир ёфт. Дарди доимии сар, заифшавии нури чашм, узвҳо ва мушакҳо авҷ мегирифт. Баъди марги шавҳар аз кӯтоҳдастӣ маҷбур шуд, ки дар озмуни «зиштрӯтарин зан дар ҷаҳон» ширкат намояд.  Дар ин озмун ҷои аввалро сазовор гардид ва ба ӯ мукофоти таҳқиромези 50 долларро пешниҳод намуданд. Аз ночорӣ ба сирк ворид гардид ва нақши зиштрӯтарин занро бозид. Мардум ӯро дар саҳна на бо хушӣ, балки бо алфози қабеҳ пешвоз мегирифтанд. Бо вуҷуди пойҳои захмин, ба хотири фарзандон кори худро идома медод. Кӯдакон ӯро «ҳайвони ваҳшӣ» ном мебурданд ва сӯяш санг мепартофтанд. Зан ин ҳолатро медиду гиря мекард  ва мегуфт: «Шумо ба фарзандони ман монанд ҳастед, ман ҳамаи шуморо дӯст медорам». Мери бо чунин мушкилиҳо  ин дунёро падруд гуфт. 
Яке аз фарзандон баъди вафоти модар гуфт:
- Вақте модарам барои мо нон меовард, тамоми шаб гиря мекарду мегуфт: «Ман ҳис мекунам, ки барои шумо модари хубу сазовор нестам».   Фарзанди дигар гуфт:
- Барои ман модарам ҳам  ботинан ва ҳам  зоҳиран зани зеботарини ҷаҳон буд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


БОШ
Олими саршиноси немис Карл Бош ба намуди зоҳирӣ, аз ҷумла ба сарулибосаш, ҳеҷ аҳамият намедод. Ба қавле, пурра  ба  илм  дода  шуда буд. Ҳангоми таътили зимистона вақте ба хонаи волидонаш омад, модари бечора ӯро бо либоси тунук дида, бо зарба мепурсад:
- Палтоят канӣ?
- Дертар бо почта меоранд, ташвиш нашавед, - мегӯяд Бош модарашро оғӯш гирифта.
Дар ҳақиқат рӯзи дигар почта омада мерасад, вале аҷиб, ки болои қуттии калон «Асбоби лабораторӣ» навишта шуда буд.
Вақте волидон почтаро мекушоянд, якбора ҳайрон мешаванд: писари олимашон барои он ки «насоси вакуумӣ» нашиканад, палтои навашро
гирди он печонда буд.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ШИША
Шиша дар рӯзгори имрӯза хеле васеъ истифода мешавад. Вазнинӣ, мустаҳкамӣ ва муҳимтар аз ҳама, шаффофӣ хосиятҳои асосии шиша  мебошанд.
Ҳоло шишаро аз регмайда (қум), карбонати калсий ва оҳак омода мекунанд. Ҳамаи ин маҳсулотро омехта карда, дар танӯри оҳанин дар ҳарорати то 1400 - 1500 дараҷаи гармӣ мепазанд. Дар ин ҳолат омехта ба ҷисми моеъ ва пас аз хушк шудан ба шиша табдил меёбад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ИСРОФГАРОНИ КОҒАЗ
Исрофгарони асосии коғаз дар дунё испаниҳоанд, зеро мухлисони футбол (яъне қариб тамоми аҳолии мамлакат) ҳангоми омодагӣ ба тамошои бозӣ маҳз аз коғаз тайёр кардани гул ва ашёи дигарро дӯст медоранд.
Таҳияи С. АЗИЗОВ


10 ИҚТИСОДДОНИ БУЗУРГТАРИНИ ҶАҲОН
9. Ҷозеф Стиглитс (тав. 1943)
Яҳудитабор. Пайрави равияи иқтисодии Кейнс, барандаи Ҷоизаи Нобел (бахши иқтисод, 2001), Нишони Ҷ. Кларк, Ҷоизаи Ректенвалд, узви хориҷии Академияи илмҳои Россия, узви Шӯрои таҳририяи маҷаллаи русии «Ҷаҳон. Навсозӣ. Инноватсия. Рушд», узв ва раиси Шӯрои мушовирони иқтисодии назди Президенти ИМА Билл Клинтон (1995 - 1997), сариқтисоддон ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ (1997 - 2000).
Дар донишгоҳҳои Чикаго, Кембриҷ, Йел, Стенфорд, Оксфорд, Уинстон дарс гуфтааст, Ҳамсармуҳаррири маҷаллаи «Садои иқтисоддонҳо».
Таҳияи А. ҚУДРАТУЛЛО


МАКАРОН БО ПАНИР
Канадагиҳо дар ҷаҳон истеъмол-кунандагони маъруфи макарон бо панир, яъне “Kraft Mac” дониста мешаванд ва назар ба амрикоиҳо дар як сол 55 дарсад зиёдтар чунин ғизо мехӯранд. Дар Канада хамираи панирдор бо номи “Kraft Dinner” машҳур шудааст ва Food Republic онро таоми миллии Канада низ номид. Солона ба ҳар сари аҳолӣ истеъмоли 3,2 қуттии шартии макарон бо панир рост меояд. Канада бузургтарин истеҳсолкунандаи Kraft Mac дар ҷаҳон дониста мешавад.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
32.  Рӯзе, ки мусиқӣ мурд
Пеш аз парвози фоҷиабор, Бадди Ҳолли, Ричи Валенс ва Биг Боппер, ки мусиқии  «рок-н-ролл»-ро асос гузоштаву дар як муддати кӯтоҳ ҷаҳонгир карда буданд, дар рӯзи ёздаҳуми сафари ҳунарӣ ба шаҳри дигари Амрико бояд бо автобус мерафтанд. Вале Ҳолли бо баҳонаи он ки барвақттар рафта расанд, пофишорӣ намуд, то тайёра киро намоянд. Аз гусели ситораҳои мусиқӣ ҳамагӣ чанд дақиқа гузашта буд, ки бар асари якбора тағйир ёфтани боду ҳаво тайёра суқут намуда, нопадид гашт. Ҳамин тавр,  Валенси 18-сола,  Ҳоллии 22-сола ва Боппери 28-сола дар айни камолот на танҳо саҳнаи ҳунар, балки саҳнаи зиндагиро низ бенишон тарк намуданд.
Овозхон ва навозандаи маъруфи амрикоӣ Дон Маклин 3-юми февралро, ки ин фоҷиа рух дода буд, чунин номид: «Рӯзе, ки мусиқӣ мурд».

33. «Хато»-и Рузвелт
Зимни маъракаи пешазинтихоботӣ Теодор Рузвелтро зархариди қотиле дар қафаси синааш мепарронад. Вале бахти президенти ояндаи ИМА омад мекунаду ҷон ба саломат мебарад. Тавре худи ӯ, баъдан, нақл мекунад, ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз сар задани фоҷиа, ҳамин ки суханрониаш ба охир мерасад, бар хилофи таъкидҳои мушовирон матни 50-варақаи баромадро қат карда, дар кисаи пешаш гузошта  будааст. Маҳз ғафсии коғаз зарби тирро коҳиш дода, ба қавле, маргро гурезондааст. Ҳамин тавр, «хато»-и таърихии Рузвелт ба ӯ умри дубора додааст.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


ХОБИ 31 - СОЛА
Сокини Африқои Ҷанубӣ Анна Свенпул баробари шунидани хабари марги номзадаш ба ҳолати шок афтоду пас аз лаҳзае хобаш бурд. Ва дигар бедор нашуд. Табибон ҳарчанд кӯшиданд, бефоида, Аннаи 19 - сола дигар чашм накушод. Духтурон ноумед шуданд, вале пайвандонаш «дунё ба умед» - гӯён аз парасториаш даст накашиданд. Рӯзу моҳу солҳо паси ҳам мегузаштанд, аммо дар ҳаёти Анна тағйироте рӯй намедод. Ҳамин тавр, ӯ 31 сол хоб рафт. Рӯзе банохост чашм кушод, аз чизе шикоят накард, ҳатто гап зада ҳам метавонист. Воқеан, вай чизеро дар ёд надошт. Бисёр лоғар шуда буд, вале баъди бедорӣ зуд вазн мегирифт. Вақте ки аз хоб «сер шуда» хест, 50 сол дошт.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


ХУРӮСИ БЕСАР
Бовар намекунед, вале соли 1945 вақте фермери амрикоӣ  сари хурӯсеро бо номи Майк бурид, ҷонвар яку ним сол бе сар зиндагӣ кард. Ҳақиқати ҳол ин аст, ки аз зарби корд асоси майнаи сар ва як гӯши хурӯс осеб надида буд. Замоне фермер мушоҳида намуд, ки ҷонвар намурдааст, тасмим гирифт нисбат ба вай ғамхорӣ намояд. Бо ин мақсад аз тариқи чакрарез ба тани хурӯс ширу дон ворид менамуд.
Вақте Майкро дар тамоми кишвар намоиш медоданд якбора шуҳрату маъруфият пайдо намуд. Воқеан, бисёриҳо ин таҷрибаро хостанд такрор бикунанд, вале ягон мурғ аз ду ҳафта бештар бидуни сар назист.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


РАҚАМИ ТЕЛЕФОН  - 500 ҲАЗОР ДОЛЛАР
Дар Чин рақами «ҳашт»  бахосият ҳисоб мешавад, зеро дар забони хитоӣ калимаи «ҳашт»  маънои «шукуфоӣ» - ро дорад. Ҳамчунин, доштани шумораҳои 6, 8 ва 9 дар рақамҳои мошин ё телефону дигар воситаҳо барои чиниҳо маънои хушбахтиро дошта, боиси ифтихор аст. Аз рӯи гуфтаи онҳо, нуҳ нишони дарозумрист. Ба андешаи ин мардум касе, ки дар телефон, мошин, хона ва ғайра рақами 168 дорад, ба комёбиҳо бештар ноил мегардад.  
Чанд сол пеш ширкати мобилие дар Чин рақамҳои 88 88 88 88 - ро ба таври музояда бо арзиши 500 ҳазор доллар  ба Ширкати ҳавопаймоии Sichuan Airlines фурӯхт.
Таҳияи Т. САЪДУЛЛОЕВ


АЗ ТАҶРИБАИ БИСТСОЛАИ ОМӮЗГОРИИ ЭЙНШТЕЙН
- Ҳар шогирде, ки дер омад, дар синф роҳаш додам, чун медонистам, ки агар то даҳ дақиқа мондани вақти дарс ҳам ба синф биёяд, эҳсоси масъулият кардааст;
- ҳеҷ гоҳ навад дақиқа дарс надодам, чун медонистам зарфияти шогирдон (камҳуш ва боҳуш) аз ҳам фарқ дорад;
- ҳеҷ гоҳ шогирдеро дар кабинет мунтазир накардам, чун медонистам дар ҷойи кори муаллим истодан шикасти ғурури шогирд мешавад;
- ҳеҷ гоҳ танбеҳи инфиродӣ накардам, балки гурӯҳӣ танбеҳ кардам, чун медонистам танбеҳи гурӯҳӣ ҷанбаи саршармӣ дорад, вале танбеҳи инфиродӣ ғурурро мешиканад;
- ҳамеша саволҳоеро мепурсидам, ки мутмаин будам ҷавобашро медонанд, чун медонистам куҷояшро намедонанд, намепурсидам.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


ГАНҶҲОИ НУҲУФТА
Инсоният то ҳанӯз дар ҷустуҷӯи сарватҳои давоми ҳазорсолаҳо гумкардаи хеш аст. Ин навбат аз ганҷинаҳои ҳангуфте мегӯем, ки то ҳол иштиёқи ёфтанашон аз дилҳо нарафтааст.

1. ХАЗИНАҲОИ АФСОНАВӢ ДАР КУҶОАНД?
Хаттотие, ки солҳои 1946 - 1956 дар яке аз ғорҳои Хирбет - Кумрани Исроил пайдо шуд, миёни «Дастнависҳои баҳри Мурда» ҳамчун ганҷинаи бебаҳо ёд мешавад. Миёни қариб 1000 ҳуҷҷат, танҳо ин дастнавис дар варақи нафиси мисӣ иншо гардидааст. Боқимонда дар пӯсти ҳайвонот ва папирус. Забони он ҳам аз дигар дастхатҳо тафовути куллӣ дорад.
Тавре таърихшиносон ҳадс мезананд, дастнавис «харита»-ест, ки мавзеи 60 махзани тиллову нуқраро бозгӯ мекунад. Вале то кунун ягон санад дурустии ин иддаоро тасдиқ накардааст. Бо вуҷуди ин, ҳамасола экспедитсияҳо пайи дарёфти ганҷинаҳо мераванд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


СУХАН БИСЁР ДОНУ АНДАКЕ ГӮЙ…
Рӯҳоние хост ба диндорон ваъз гӯяд, вале барои шунидани ӯ ғайр аз аспбон касе наомад. Мулло  фикр кард: «Оё сухан гӯям ё на?» ва аз аспбон пурсид:
- Ғайр аз ту ин ҷо касе нест. Фикратон чист, сухан гӯям ё на?
Аспбон гуфт, ки ман як марди одиям. Вақте ба аспхона рафта бинам, ки аспҳо гурехтаанду  танҳо яктоаш мондааст, ҳатман хӯрокаш медиҳам. Мулло посухро хуб қабул намуд ва ба насиҳат шурӯъ кард. Чун наздики ду соат сухан гуфт, дар охир аз аспбон пурсид:
-Хайр, суханонам писандатон шуд?
Гуфтам ку, як марди одиям ва ин чизҳоро чандон намефаҳмам. Аммо вақте ба аспхона раваму бинам, ки танҳо як асп аст, ба қадри худаш хӯрокаш медиҳам, на ҳамаи хӯрокаеро, ки ба тамоми аспҳо тааллуқ дошт.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ГАЛСТУК
Номи он ба забони русӣ аз вожаҳои «halsdoek»-и нидерландӣ ва «halstuch»-и олмонӣ ворид шудааст. Ранги галстукро мутобиқ ба либоси дигар (аксаран пероҳани мардона) интихоб мекунанд, одатан, галстуки сиёҳро бо куртаи сафед.
Нахустин бор аз галстук дар таърихи Мисри қадим ёдоварӣ мешавад. Галстукҳои онвақта аз имрӯза аз ҷиҳати шакл ва тарзи бастан фарқи куллӣ доштанд. Дар Миср, Чин, Рим ва Юнони қадим танҳо наздикони шоҳ, амалдорони калон ва сардорони сипоҳ галстук мебастанд.
Аз охири асри XVI галстук мӯди зинатии либоси мардона қарор гирифт. Аз шоҳон Людовики XIV (шоҳи Франсия) аввалин шуда галстук (шапалак) баста буд.
Соли 1924 соҳибкори амрикоӣ Ҷесси Ландсдорф барои ихтирои «галстуки идеалӣ», ки бунёди галстуки шакли имрӯзаро ташкил медиҳад, патент гирифт ва галстуки нав мӯди асосии 100 соли баъдӣ шуд.
Таҳияи Нилуфар АЗИЗӢ


БАЙРОН ВА ҒОЗҲО
Шоири машҳури англис Ҷорҷ Байрон (1788 - 1824) ҳайвонҳоро хеле дӯст медошт. Ҳатто ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Кембриҷ хост, ки бо худ саг гирад, аммо дар оинномаи донишгоҳ ин амал мамнӯъ буд. Он гоҳ Байрон хирсбачаеро ба ҳуҷраи худ овард, зеро дар оиннома дар ин бора чизе навишта нашуда буд. Ҳамин тавр, Ҷорҷ сари чанд муддат дар як ҳуҷра бо рӯбоҳ, уқоб, қашқалдоқ, турна ва ҳатто тимсоҳ зиндагӣ кардааст. Вақте ба сайругашт мебаромад, ҳатман ӯро чор ғоз ҳамроҳӣ мекард.
Таҳияи М. ШАМСОВА


ЧАРОҒАКИ РОҲНАМО
(СВЕТОФОР)

Аввалин чароғаки автоматиро соли 1910 ихтироъкор аз Чикаго (ИМА)  Эрнст Сиринн ихтироъ намуд. Ин чароғак ду ҳолат дошт. «Stop» («Ист») ва «Proceed» («Бигузар»).

* * *
Чароғаки  серангаро соли 1920  Уилям Поттс ва Ҷон Ҳарисс ихтироъ намуданд.

Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2020    №: 128    Мутолиа карданд: 314
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед