logo

Хабарҳо

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

Дирӯз cафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз ёфт.
Дар доираи он Қоҳир Расулзода дар шаҳри Норак аз рафти татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва навсозии НБО "Норак" ва ҷараёни бунёди иншооти таъйиноти гуногун шинос шуд.
Таъкид бояд кард, ки 20 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Таҷдид ва навсозии НБО "Норак" шурӯъ гардид, ки аз ду марҳила иборат мебошад.
Имрӯзҳо ба хотири сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо бо истифодаи техникаҳои муосири соҳавӣ фаъолият доранд. Иттилоъ дода шуд, ки то моҳи декабри соли равон як агрегати НБО  "Норак" таъмир ва навсозӣ шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ҳамчунин, бо иштироки Сарвазири мамлакат сехи коркарди  маҳсулоти чӯбӣ ва коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, маркази хизматрасонӣ, коргоҳи истеҳсоли нӯшоба ва партовгоҳи марказии шаҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвон аз ҷараёни навсозии бинои маъмурии мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо гулгашти атрофаш, боғчаи кӯдакон, майдончаи варзиш, шуъбаҳои қалб, шикастабандӣ ва осеббардории беморхонаи ноҳия, бинои баландошёнаи истиқоматӣ, коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои корӣ ва либосҳои таҳпӯши кӯдакона, барқарорсозии пули мошингузар, фермаи чорвои калони гӯштӣ ва самаранок истифодабарии замин боздид ба амал овард.
Аснои мулоқот бо фаъолон ва хоҷагидорон таъкид шуд, ки бо сабаби паҳн гаштани бемории сироятии COVID – 19 ва мураккаб гардидани вазъияти кишварҳои ҷаҳон дар самти истифодабарии самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва саҳроӣ дарки масъулияти бештар ба миён омадааст.
Вобаста ба ҳолати ҷойдошта ҷиҳати 40 дарсад зиёд намудани майдони кишти картошка ва 60 дарсад афзоиш додани кишти такрорӣ аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дастуру супоришҳои махсус дода шудааст.
Аз ин рӯ, масъулони вилоят, ноҳия ва фаъолону хоҷагидорон вазифадор гаштанд, ки дар самти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва дигар амалҳои лозима тадбирҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни сокинон тақвият бахшанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 230
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед