logo

иқтисод

ПАРАНДАПАРВАРӢ. ЧАРО НОРАСОИИ ХӮРОК МУШКИЛИ УМДА БОҚӢ МОНДААСТ?

Мувофиқи маълумоти КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон», дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар беш аз 8 миллиону 700 ҳазор паранда парвариш меёбад. Дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ истеҳсоли тухм 144 ва гӯшт 3,2 дарсад афзуда, беш аз 440 миллион дона тухм ва 13 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол гардид. Саршумори паранда низ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 114 дарсад зиёд шуд. 
Тавре рақамҳо шаҳодат медиҳанд, соҳа ба таври назаррас рушд мекунад. Дар баробари ин, таъмини паранда бо хӯроки омехта яке аз масъалаҳои мубраме арзёбӣ мешавад, ки монеи рушди соҳа низ гаштааст.

САМАРАИ ИМТИЁЗҲО: 117 КОРХОНА ДАР СЕ СОЛ
Парандапарварӣ соҳаи муҳими агросаноатӣ ба шумор рафта, аҳолиро бо маҳсулоти арзони серғизою парҳезӣ таъмин менамояд. Баъзе мамлакатҳо то 70 дарсад таъминоти гӯшти худиро аз ҳисоби паранда ба роҳ мондаанд. Аз ин лиҳоз, баҳри рушди соҳа Ҳукумати мамлакат шароитҳои заруриро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Пешвои миллат дар Паёми соли 2017 корхонаҳои парандапарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи он ба муҳлати шаш сол аз андоз аз фоидаю арзиши иловашуда озод карда шуданд, ки ин ба рушди парандапарварӣ такони ҷиддӣ бахшид. Зеро солҳои охир соҳа мувоҷеҳи мушкилоти сахт гашта, ҳамагӣ 65 корхона боқӣ монда буд, ки аксараш танҳо ба ном фаъолият дошт. Вале имтиёзҳо соҳаи рӯ ба таназзулро дубора ҷон бахшиданд. Соҳибкорон аз ин иқдом илҳом гирифта барои бунёди корхонаҳои хурду бузург ташаббус нишон доданд. Дар муддати кӯтоҳ шумораи корхонаҳо ба 182 расида, воридоти маҳсулот бамаротиб коҳиш ёфт. Ҳоло ба истеҳсоли гӯшт 71 ва тухм 98 ширкат машғул аст. Вале рақобатнопазирии маҳсулот боиси аз фаъолият мондани 13 корхона гашт.
- Дар вилояти Суғд 100 ширкати парандапарварӣ фаъолият дорад. Дар онҳо 3 миллиону 400 ҳазор сар паранда парвариш ёфта, истеҳсоли тухм 254,2 миллион донаро ташкил медиҳад. Соли равон зимни сафари корӣ Пешвои миллат як қатор корхонаҳои соҳа, аз ҷумла «Дӯсти азиз», «Файзи Фаррух», «Авҷпар», «Мирзохӯҷаев Т», «Мурғи аълосифат»-ро мавриди истифода қарор доданд. Дар вилояти Хатлон 15 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 58 корхона машғули истеҳсоли гӯшту тухм аст. Имсол дар Хатлон 3 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14 корхонаи нави парандапарварӣ ба кор пардохт, - гуфт директори КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» Машокир Назаров.
Соли гузашта аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ аз рӯи тараққиёти босуръати соҳа яке аз мамлакатҳои беҳтарини парандапарварӣ эътироф шудани Тоҷикистон далели рушди назаррас аст. Сарфи назар аз ин, соҳа бо чанд мушкилӣ рӯбарӯст, ки бартараф сохтани ҳар чи зудтарро тақозо доранд.

«БОНКҲО МАБЛАҒРО КОНВЕРТАТСИЯ НАМЕКУНАНД»
Ба андешаи мутахассисон, барои ривоҷу равнақи парандапарварӣ ду масъалаи асосӣ: таъмини хоҷагиҳо бо тухми инкубатсионӣ ва хӯроки омехта нақши муҳим доранд.
Ҳоло дар вилояти Суғду ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хоҷагиҳои нави зотпарварӣ ба фаъолият пардохта истодаанд ва интизор меравад, ки ояндаи наздик проблема ҳалли худро ёбад. Аммо таъминоти хӯроки омехтаи паранда ҳанӯз аз мушкилиҳои нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Аз рӯи арзёбии мутахассисон, мурғ бояд дар як шабонарӯз 120 грамм хӯрок истеъмол намояд, дар акси ҳол маҳсулнокиаш то 30 дарсад коҳиш меёбад. Вале оё корхонаҳои соҳа ба ғизо дастрасии пурра доранд?
Тибқи маълумоти мавҷуда, соли 2019 дар кишвар қариб 300 тонна хӯроки паранда истеҳсол шуда, воридот ба беш аз 84 ҳазор тонна расид. Он ҳиссае, ки дар дохил коркард мешавад, хеле ночиз аст.
Баъзе соҳибкорон бо ворид сохтани маҳсулот, аз ҷумла премиксҳо, ҷуворимакка, витамину аминокислотаҳо, кунҷораи офтобпарасту лӯбиё ва гандуму ҷав аз хориҷи кишвар истеҳсоли хӯроки парандаро дар назди фабрикаҳояшон ба роҳ мондаанд. Аммо нархи маҳсулоти хориҷӣ гарон асту омили асосии болоравии арзиши гӯшт ва тухми паранда арзёбӣ мегардад. 70 – 80 дарсади арзиши аслӣ танҳо нархи ғизост. Гузашта аз ин, барои воридоти маҳсулот соҳибкоронро муаммоҳое гиребонгиранд.
«Воридоти ғизо ба масъалаи мубрам табдил ёфтааст. Агар як навъашро аз Қазоқистон биёрем, намуди дигарашро аз Россия ё Австрия пайдо мекунем. Бар замми ин, аз ҷониби бонкҳо конвертатсия (иваз кардани воҳиди пулии як давлат ба воҳиди пулии кишвари дигар) нашудани асъори миллӣ мушкилиамонро дучанд кардааст. Бо ин сабаб, ҳатто, наметавонем маҳсулотро дастрас намоем», - гуфтанд истеҳсолгарон.

АРЗИШИ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ АЗ ВОРИДОТӢ ГАРОН?
Чуноне аз суҳбати соҳибкорон бармеояд, норасоии хӯроки паранда яке аз монеаҳои калидии бо иқтидори пурра кор накардани корхонаҳост.
ҶДММ “Мурғи Муъминобод”-и ноҳияи Муъминобод аз ҷумлаи корхонаҳоест, ки аввалин маротиба истеҳсоли гӯшти парандаро дар кишвар ба роҳ монд. Корхона соли гузашта ба фаъолият пардохта, 492 тонна маҳсулот истеҳсол кард ва имсол ҳаҷми истеҳсолро ба 600 – 700 тонна расонданист. Аммо дар 8 мурғхона қариб 50 ҳазор паранда парвариш ёфта, 4 мурғхонаи дигар холист. Сабаби инро директори корхона Зуҳуршоҳ Сафаров ин гуна шарҳ дод: 
- Дар дохили кишвар на мокиён дорему на ба андозаи кофӣ хӯроки паранда. Ғизое, ки дар ҷумҳурӣ омода мешавад, кифоя нест. Аз ҷониби дигар, корхонаҳои ватанӣ бо нархи гарон хӯрок мебароранд, то ҳадде, ки маҳсулоти хориҷӣ назар ба худӣ 20 – 25 дарсад арзонтар аст. Аз ин хотир, чӯҷа ва хӯроки омехтаро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон меорем. 

ТАҶРИБАИ ҶАҲОНӢ ЧӢ МЕГӮЯД?
Пас, сабаб чист, ки бо пешниҳоди имтиёзҳо дар кишвар 117 корхонаи нави парандапарварӣ таъсис ёфту соҳибкорон корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехта бунёд намекунанд? Ба истиснои 2 – 3 корхона, ки ҳаҷми истеҳсолашон андак аст. Дар ҳоле, ки ба таъкиди коршиносон, истеҳсоли хӯроки паранда яке аз самтҳои сердаромади соҳа асту манфиати бештар меорад.
Ба таъкиди узви Ассотсиатсияи илмии умумиҷаҳонӣ оид ба парандапарварӣ, акадамики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Давлатҷон Комилзода, бе ташкили корхонаҳои истеҳсоли хӯрок, рушди ҳамаҷонибаи соҳаро таъмин намудан ғайриимкон аст.
- Дар Исроил, Белгия ва дигар кишварҳои мутараққӣ ҳар як ноҳия корхонаи калони истеҳсоли хӯроки паранда ва чорво дорад. Соли гузашта як гурӯҳ парандапарварон ва олимони соҳа барои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба ба вилояти Самарқанди Ӯзбекистон рафтем. Дар як вилоят 4 – 5 корхонаи азими истеҳсоли хӯроки паранда ва чорво мавҷуд аст. Ин тарзи мақсадноки кор мушкили логистикаро бартараф месозад. Бо назардошти ин, бояд дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар корхонаҳои истеҳсоли хӯроки паранда бунёд ёбанд, ҳадди ақалл 2 – 3 – тоӣ, - гуфт ӯ.

ЗАХИРАҲОИ МАВҶУДА ИСТИФОДА НАМЕШАВАНД
Ба андешаи академик Давлатҷон Комилзода, истеҳсоли хӯроки паранда нозукиҳои худро дошта, барои ин ташкили корхонаҳои махсус лозим аст.
- Дар натиҷаи омӯзиш мо – олимон номгӯ ва меъёри маводеро, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуд асту барои истеҳсоли хӯрок истифода намуданашон манфиатовар мебошад, муайян кардем. Дар кӯҳистони мо моддаи беҳтарини минералдор – бентонит вуҷуд дорад. Он барои организми паранда ниҳоят муфид буда, ба хӯрок ҳамчун иловаи минералдор, ки дар таркибаш зиёда аз 20 микро ва макроэлемент дорад, ҳамроҳ карда мешавад. Инчунин, истифодаи оҳаксанги маҳаллӣ аз манфиат холӣ нест. Чун 95 дарсади тухм аз калсий иборат буда, оҳаксанг манбаи он мебошад. Иловаи ин моддаҳои минералдор ба ғизои паранда 10 – 12 дарсади хӯрокро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, орди кирмаки пилларо дар хӯроки паранда ҳамчун ғизои сафедадор ба кор бурдан мумкин аст.
Коркард ва истифодаи пасвандаҳои соҳа дар ғизои паранда низ хеле муфид аст. Инҳо 50 дарсади маводи хӯрокро ташкил медиҳанд.
Дар баробари ин, дар мамлакатҳои дигар поруи парандаро коркард ва дар хӯроки парандаю чорво аз 30 то 50 дарсад ҳамроҳ мекунанд. Дар таркиби пору то 9 фоиз сафеда ҳаст, ки таркиби ҷуворӣ ҳам ҳамин миқдор сафеда дорад. Яъне, аз истеҳсол ва коркарди ҷуворӣ дида, коркарди поруи паранда самараноктар аст. Чунин иброз дошт Д. Комилзода.

ХОҶАГИҲОИ ШАХСИЮ ДЕҲҚОНӢ ЭҲЁ МЕШАВАНД?
Мутаассифона, имрӯз фаъолияти хоҷагиҳои шахсии деҳқонии парандапарварӣ комилан суст аст, - мегӯянд таҳлилгарон. – Дар асоси ҷамъбасти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 беш аз 1 миллион оила дар деҳот ба сар мебарад. Агар ин хоҷагиҳо 10-тоӣ паранда парваранд, саршумор ба 10 миллион мерасад. Вале мардуми русто, ки бояд аҳолии шаҳрро бо ғизо таъмин намоянд, эҳтиёҷоташонро худ қонеъ насохта, барои хариди тухму гӯшт роҳи шаҳрро пеш мегиранд. Рушд додани парандапарварӣ дар хоҷагиҳои шахсию деҳқонӣ талаботи рӯз аст.
***
Хуллас, ҳалли мушкилоти бонкию логистикӣ, ташкили фаъолияти дурусти соҳибкорӣ, баланд бардоштани дониши соҳавии истеҳсолгарон ва тарбияи мутахассисони варзида аз омилҳои мусоидаткунанда баҳри пешрафти соҳаанд. Иҷрои инҳо, бешак, ба фаровонии истеҳсоли хӯроки паранда дар кишвар мусоидат хоҳад намуд, ки ин на танҳо ба манфиати хоҷагиҳои махсусгардондашуда, балки шахсию деҳқонӣ низ ҳаст.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2020    №: 130    Мутолиа карданд: 282
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед