logo

Хабарҳо

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

Чанде пеш   аз тарафи соҳибкори ватанӣ Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандони ӯ ба 400 корманди соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт, дусад ҳазор сомонӣ ёрдами молиявӣ расид.
- Ману фарзандонам ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоем. Минбаъд низ дар чунин рӯзҳои мушкил дар бари халқу Ватан хоҳем буд, - гуфт Муҳиб Бобоҷонов.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии  хеш ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 корномаи ин соҳибкори ватандӯстро ҳамчун намунаи ибрат барои дигарон тавсиф карда буданд: «Бобоҷонов Муҳиб - сокини 80 - солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хати оби нӯшоӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд».
Муҳиб Бобоҷонов аз зумраи соҳибкорони муваффақест, ки корномаи ӯ ва писарони саховатпешааш Раҳимҷон, Шарафҷон ва Бегиҷон дар ҳалли мушкилоти мардуми ноҳия ва минтақаи Рашт вирди забонҳост.
Чунин як иқдоми хайрхоҳонаи писари бобои Муҳиб Раҳим Бобоҷонов дар Россия роҳандозӣ гардид. Мавсуф ба 600 муҳоҷири бекормонда ва беморшудаи тоҷик 5 ҳазор рублӣ, дар маҷмӯъ, 3 миллион рубли русӣ эҳсон кард, ки сутуданист.
Боиси зикр аст, ки асфалтпӯш кардани 12 километр роҳи деҳаи Поҷеи Поён ва дохили он, кишидани хати баландшиддати барқ дар масофаи 3,5 км бо насби 2 трансформатори нав, кандани чоҳи амудӣ, бунёди канал дар масофаи 3 километр ва сохтмони муҳофизатии сарбанди он, сохтмони пули пиёдагузари дарозиаш 7 метр, пули мошингузари деҳаи Камароби Калон бо дарозии 14 метр, хати оби нӯшоӣ ба масофаи 10 километр, таъмири пули мошингузари байни деҳаҳои Шуле ва Баҳодуробод, таъмири асосии муассисаи таълимии деҳаи Рувоз ва бунёди ду синфхонаи иловагӣ, таъмиру сангфарш намудани роҳҳои байни Ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат, бунёди дарвоза дар сарҳади ноҳия, асфалтпӯш намудани роҳи байналмилалӣ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод ва дар роҳи байни шаҳракҳои Ғарм - Навобод, инчунин, асфалтпӯш намудани роҳҳои дохилии шаҳраки Навобод аз ҷумлаи ободкориҳое мебошанд, ки Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш тайи чанд соли охир сомон додааст.
Маблағи умумии ба ин корҳои хайр равона кардаи ин марди баномуси миллат 4 миллиону 637 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамдиёрони бобои Муҳиб аз будани чунин шахсони саховатпеша ва халқпарвар шоданд ва дуои тансиҳативу офияти ӯро мекунанд.

Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 189
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед