logo

фарҳанг

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ – ҶОНФИДОЕ ДАР РАҲИ ВАТАНУ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари илмию тадқиқотии хеш «Фарҳанг ҳастии миллат» дар бораи гиромидошти фарзонафарзандон ва парчамбардорони миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик навиштаанд: «…бояд силсилаи зиндагиномаи фарзандони бузурги миллати хешро ба вуҷуд орем».
Пешвои миллат дар баробари масъулияти бузурги давлатдорӣ, омӯзиш ва пажӯҳиши хешро оид ба сарнавишти шахсиятҳои бузурги миллат идома дода, ишора ба ин нукта мефармоянд: «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул мешавам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушоянд».
Воқеан, дар осмони ситорарези давлати тоҷик кавкабони рахшанда кам нестанд. Яке аз онҳо, ки дар саргаҳи давлати тозаэҳё ва навбунёди тоҷикон қарор дошт, Нусратулло Махсум мебошад. Зеро як давраи томи таърихи ҷадиди халқи тоҷик ва як марҳилаи ҳассосу сарнавиштсози миллат бо ин номи муборак пайванди ногусастанӣ дорад. Чунки дар байни сиёсатмадорону роҳбарони солҳои 20 - 30-юми асри гузашта аз байни тоҷикон фарзанди содиқи миллат ҷои махсусро ишғол менамояд. Нусратулло Махсум ҳашт сол давлати Тоҷикистонро сарварӣ карда, дар бунёди сохтори сиёсии он саҳми бузург гузошт. Ин давлатдори асил аз рӯзҳои аввали таъсиси ҷумҳурии мухторамон ҷидду ҷаҳд мекард, ки ҳарчи зудтар ҷумҳурии мустақили иттифоқии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Маҳз бо ҷонфидоиҳои ин арбоби шоистаи миллат кишвари мо он замон аз мухторият бароварда шуда, ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ - Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бунёд гардид.
Баъди  тақсимоти  солҳои  20-уми  асри гузашта ва ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон дар зеҳнияти миллии халқи тоҷик таҳаввулоти бузурги инқилобӣ ба амал омад ва тоҷикони соҳиби ақлу хиради миллӣ ин падидаро нодида намегирифтанд. Зеро баъди суқути давлати бузурги Сомониён қариб тӯли  ҳазор  сол  онҳо  амалан  аз  давлатдории  миллӣ маҳрум гардида буданд. Роҳбари онвақтаи давлати миллии тоҷикон Нусратулло  Махсум  муборизи  сарсупурда,  мубаллиғи оташинсухан ва парчамбардори давлати тозабунёди тоҷик буд. Ба миллати дар тӯли ҳазор сол аз муҳаббати давлатдории миллӣ дуршуда, ин рисолати бузурги таърихӣ - сарварии давлати Ҷумҳурии тозаэҷоди Тоҷикистон ба Нусратулло Махсум муяссар гардида буд.
Мутаассифона, ин сарсупурдаи миллат ба гирдбоди таъқибот  ва «душмантарошӣ»- ҳои солҳои 30-юми асри ХХ афтода, 1 ноябри соли 1937 ба қатл расид. Пас аз гузашти 20 сол, моҳи декабри соли 1958 бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокуратураи генералии ИҶШС Нусратулло Махсум бегуноҳ эълон шуда, 26 июли соли 1964 дар сафи Ҳизби Коммунистӣ номи ӯ аз нав барқарор гардид. Ҳарчанд ӯро ҷисман нобуд сохтанд, аммо кору пайкор, ҷонфидоиҳои ӯ барои халқ ва ташкили давлати Тоҷикистон дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ то абад боқӣ хоҳанд монд.
Нусратулло Махсум чун давлатдори дурандеш, ба тамоми арсаҳои ҳаёту зиндагии мардуми заҳматкаш, ба тамоми масъалаҳое, ки нуфуз ва обрую эътибори давлатро меафзуданд, таваҷҷуҳ мекард ва ҳар як масъаларо аз мавқеи адолати иҷтимоӣ ва мавқеи давлату миллат ҳаллу фасл менамуд. Ӯ, пеш аз ҳама, ба масъалаи занону ҷавонон дахл карда, харидуфурӯши зани тоҷик, дар торикию ҷаҳолат нигоҳ доштани он, бисёрзанӣ ва соири муносиботи ғайриинсониро сахт маҳкум мекард ва дар ин раванд бештар ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта такя менамуд. Бузургтарин хидмати ин марди наҷиб ба ҳам пайвастани чанд шикастпораҳои давлати Сомониён ва сарҷамъ овардани халқи парешонгаштаи тоҷик буд.
Нусратулло Махсум на танҳо дар умури сиёсию давлатдорӣ аз худ осори амиқе боқӣ гузошт, балки хонадони намунавӣ ба ёдгор монд ва фарзандони оқилу фозилеро ба воя расонд. Халқи тоҷик на танҳо бо номи ин қаҳрамони кишвар, балки бо кору пайкори фарзандони меҳнатдӯсту огоҳаш низ ифтихор менамояд. Фарзандонаш Хайринисо (1910 - 1978), Мунаввар (1911 - 1998), Анвар (1918-1941), Хосият (1925 - 2007), Акбар (1928 - 2001) ва Музаффар (1937 - 2013) мебошанд.
Фарзанди хурдии ӯ Музаффар Махсумовро хеле хуб мешинохтам. Солҳои донишҷӯӣ ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, оид ба масъалаҳои мухталифи астрономия дарс меомӯхтам. Яке аз устодонам Музаффар Нусратуллоевич буд. Шодравон астрономи номвари собиқ ИҶШС ва Тоҷикистон буда, аз соли 1970 то 2010 дар вазифаи мудири шуъбаи сохтор ва динамикаи системаи ситораҳои Институти астрофизикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кард ва солҳои 1977 - 1992 сарварии муассисаи мазкурро ба уҳда дошт. Самти илмии ин астрофизики асил ба сохт ва динамикаи системаи ситораҳо ва физикаи галактикаҳо бахшида шуда буд. М. Махсумов дар ин соҳа аввалин шуда усулҳои тадқиқотии динамика ва таҳаввулоти таъсири ғайризарбавии системаи зарраҳои ба таври ҷозибавӣ алоқаманд ва ба вуҷуд омадани динамикаи ҷозибаи байниҳамдигарии ситораҳои галактикаҳоро ҳамчун системаҳои статистикӣ кор карда баромад. Ӯ дар заминаи мушоҳидаю тадқиқотҳои илмии худ беш аз 60 асари илмӣ-тадқиқотӣ ба нашр расондааст. Бо ибораи дигар, М. Махсумов ҳамчун фарзанди Қаҳрамони Тоҷикистон бо меҳнати ҳалол, кори шоён ва фаъолияти пурсамараш на танҳо номи неку рӯҳи бузургвори падарашро шод гардонд, балки исми шарифи хешро дар қалби ҳар як физику астрофизик ва дӯстдори табиату олами кайҳон ҷовидона сабт намуд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки агар падар дар таъсиси давлати мустақили миллии тоҷикон саҳми бориз гузошт, писар дар рушди яке аз соҳаҳои илми дақиқи ин Меҳан нақши арзанда дорад.

Номвар ҚУРБОНОВ, устоди ДМТ, узви ИЖТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2020    №: 131    Мутолиа карданд: 92
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед