logo

иқтисод

ИҚТИСОДИ ДОНИШ («ДОНО»). ГУЗАРИШ АЗ РУШДИ МИҚДОРӢ БА СИФАТӢ

Ҷомеашиносон, сиёсатмадорон, иқтисодчиён бо пажӯҳишҳои бунёдии худ исбот карданд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ, новобаста ба вазъи пуртазоду муқовиматҳои шадид, тамоюли бебозгашти гузариш ба шакли инноватсионӣ - иттилоотӣ ва зинаи постиндустриалӣ, ки ба захираҳои иттилоотӣ, донишҳо, сармояи зеҳниву инсонӣ такя дорад, гирифтааст. Вобаста ба ташаккулу инкишофи ҷомеаи иттилоотӣ - инноватсионӣ иқтисодиёти дониш («доно») ё типи иқтисодиёте, ки ба дониш асос мегирад, рӯи кор омадааст.
Феълан вобаста ба фаъол гаштани нақши илм дар низоми қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа  иқтисодиёти дониш ҷойгаҳи  устувор  пайдо карда, мазмуни фаъолияти иқтисодӣ - иҷтимоии кишварҳои оламро дигаргун намуда истодааст, яъне майдони фаъолияти иқтисодиёти анъанавӣ танг гашта, маҷрои шикастнопазири иқтисодиёти нав тадриҷан дар роҳи касби вазъи доминантӣ қарор мегирад. Дар илми иқтисод синфи (қишри) пешбари ҷомеаи инноватсионӣ - иттилоотиро синфи краетивӣ ва иқтисодиёти нави ояндаро  иқтисодиёти зеҳнӣ ё краетивӣ номидаанд.
Тоҷикистон аз равандҳои позитивии ҷаҳонӣ дар канор нест ва барои гузаштан ба ҷомеаи инноватсионӣ - иттилоотӣ заминаҳои ниҳодии созгор бунёд намудааст ва пайваста бо суръатгирии равандҳои инноватсионии нави ҷаҳонӣ иқтисоди кишвар низ такмил меёбад. Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба таъмини рушди инноватсионии иқтисодиёти миллӣ ва татбиқи сифатҳои иқтисодиёти рақамӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) таъкид шудааст: «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад».
Дар ҳақиқат, дар замони муосир дар робита ба рушди чаҳонишавӣ ва иқтисодиёти дониш равандҳои гузариш аз методҳои классикии дастёбии рақобатпазирӣ ба методҳои нав, ки ба тадқиқоти илмӣ ва инноватсия асос мегиранд, раванди бебозгаштро касб намудааст. Аслан, ислоҳоти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷомеа бояд аз ислоҳоти соҳаи маорифу илм оғоз ёбад. Зеро ислоҳоти дилхоҳи пешбинишаванда аз сатҳи дарки аъзо ва қишрҳои алоҳидаи  ҷомеа вобастагӣ дорад. Маҳз дар ин раванд ислоҳот натиҷаҳои интизориро рӯи кор меорад. Зарурати ислоҳот дар дигаргунсозии сифатии ҷомеаро сатҳу сифати дониш ва паҳноии хиёбони андешаи аъзои ҷомеа, бахусус қишри краетивӣ, муаяйн месозад. Олими намоёни рус С. П. Капитса маорифро ҳамчун индустрияе, ки ояндаро муаяйн менамояд, тавсиф додааст. Воқеан, имрӯз рушди низоми маориф ҳамчун соҳаи индустрияи технологии баланд ба индустрияи эҷодӣ, ки ба истеҳсоли неъматҳои интелектуалӣ ва илмғунҷоишашон баланд машғул аст, такя менамояд. Индустрияи эҷодӣ фаъолиятест, ки дар асоси он ибтидои эҷодии фардӣ, таҷрибаву истеъдод қарор ёфта, тавлиди арзиши иловагӣ ва ҷойҳои кории нав дар заминаи истеҳсолу истифодаи моликияти зеҳнӣ сурат мегирад, Ин ҷо, пеш аз ҳама,  дар назар дорем рушди соҳаи илмро, ки ба истеҳсолу пешниҳоди маҳсулот ва хизматрасониҳои илмӣ сару кор дорад.
Бо ноил гаштан ба Истиқлолияти давлатӣ низоми миллии маорифи мамлакат низ тадриҷан ташаккулу рушд ёфт. Шумораи муассисаҳои таҳсилотӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар онҳо сармояи комили инсонӣ ташаккул меёбад, хеле афзуд. Ҷомеаи мо феълан дарк намудааст, ки сармояи инсонӣ омили муҳим ва беназири пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ноил шудан ба зиндагии шоистаи ҳар як фард мебошад. Аз ин рӯ, на танҳо талаботи умум ба донишандӯзиву хизматрасониҳои таҳсилотӣ, балки талаботи бозорӣ ба онҳо, яъне шакли таҳсилоти тиҷоратӣ  рӯз аз рӯз боло рафта, заминаҳои иқтисодиву молиявии рушди соҳаи илму маорифро таъмин менамояд. Маориф, бахусус соҳаи таҳсилоти касбӣ, дар мавриде рушд меёбад, ки агар дар муассисаҳои он омӯзгорон ба корҳои илмиву тадқиқотӣ машғул бошанд, шумораи қиёсии омӯзгорони соҳиби унвонҳои илмӣ афзояд.
Дар вусъати комили  раванди ташаккули сармояи инсонӣ таъсиси муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионӣ”-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2014) нақши калидӣ гузошт. Ин амал хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мешавад, зеро ҷомеаи муосир тақозо менамояд, ки на танҳо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, балки муассисаҳои таҳсилоти умум бо омӯзгорони соҳибунвон таъмин бошанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) ва доктор аз рӯйи ихтисос маъмуланд. Қарори ниҳоиро доир ба сазовор намудани унвонҳои илмӣ Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд. Воқеан, КОА дар амалӣ гардондани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи илму маориф,  таъмини назорату ҳамгироии фаъолият дар самти аттестатсияи кадрҳои илмиву илмӣ – педагогӣ, мусоидат намудан ба беҳбуди сохтори миқдории кадрҳои илмиву педагогӣ, баланд бардоштани сатҳи самаранокии тайёр намудани онҳо ва истифодаи онҳо бо назардошти талаботи ҷомеаву давлат, дурнамои илму маориф ва техникаву фарҳанг саҳми бузург гузошта истодааст.
Табиист, ки рушди миқдорӣ ҳамеша ба рушди сифатӣ мегузарад. Имрӯз, пеш аз ҳама, бояд тафаккуру тамоюли карахти ноил гаштан ба дараҷаи илмӣ ҳамчун воситаи дастрасӣ ба вазифаву мансаби баландро шиканем. Фарде, ки бо ин ҳадаф ба соҳаи илм шомил мегардад, илмро талаф медиҳад. Эътирофи олим ва дараҷаву унвони илмӣ худ мансаби бузурги ҷомеа мебошад. Дар ин ҷо ба маврид аст, ки чунин сухани шоир ва мутафаккири бузурги немис Ҳётеро ба хотир орем: «Бисёр мехоҳам, ки саҳна ба монанди ресмони дорбоз борик бошад, то ки одамони беҳунар ҷуръати болои он баромадан накунанд». Яке аз механизмҳои шикастани равандҳои номатлуб дар илм баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кормандони илмӣ ва муассисаҳои илмиву таҳсилотӣ, умуман, фароҳам овардани муҳити рақобат дар майдони илм мебошад.  
Барои таҳлили арзёбии илмӣ, ки объекти онро соҳаи илм ё самти илмӣ - тадқиқотӣ ташкил медиҳад, ба мақсад мувофиқ аст, ки таҳлили шабакаи иттилоотии маҳсулоти илмӣ – нашрияҳо, маҷаллаҳо, патентҳо, диссертатсияҳо, технологияҳо  ба  қайд  гирифта шаванд. Ин таҷриба дар Институти иттилооти илмии ИМА пайдо шудааст. Муассисаи номбаршуда нахустин маротиба беш аз  8700 маҷаллаи илмии давриро коркард намуд ва айни ҳол мониторинги беш аз 15000 маҷалларо мегузаронад ва дар асоси  мониторинг мақому  нуфузи маҷаллаҳои илмӣ, муассисаҳои илмӣ ва кормандони алоҳидаи илмиро муаяйн ва арзёбӣ менамояд. Дар Россия аз соли 2005 Индекси иқтибоси илмии Россия фаъол аст. Ин низом на танҳо тадқиқоти илмиро фавран бо  иттилоот таъмин менамояд,  балки он як асбоби тавоноест, ки самаранокии  фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва олимонро арзёбӣ мекунад. Индекси иқтибоси илмии Россия портали азими иттилоотӣ дар соҳаи илму маориф буда, бонки иттилооти он беш аз 31 ҳазор маҷалла, аз ҷумла қариб 7000 маҷаллаи Россияро, дар бар гирифтааст.
Дар замони муосир таҳлили миқдории фаъолӣ равиши хеле одӣ ва табиист. Вай индикатори дақиқ ва аён доир ба маҳсулнокии олим,  ташкилоти илмӣ ва соҳаи илм маҳсуб мешавад. Маҳсули илмии интишоршуда (мақола, китоб ва ғ.) ба ғайр аз вазифаи иттилоотиву индикативӣ (огоҳ намудани ҷомеаи илмӣ аз натиҷаи кашфиётҳои илмӣ) ҳуқуқи зеҳнии  муаллифро ҳифз ва  муносибати онро ба асарҳои илмии қаблӣ тариқи иқтибосорӣ аз онҳо инъикос менамояд. Натиҷаҳои илмии бадастомада, ки нашр мегарданд, ба донишҳои умумиҷаҳонӣ табдил меёбанд. Индекси иқтибосӣ сатҳи фаъолию арзишмандии ақидаҳои олимон - муаллифонро муаяйн менамояд. Ин индекс аз рӯи шумораи иқтибосҳо аз асарҳои муаллиф муаяйн карда мешавад.
Ҳоло дар мамлакат дар робита ба фаъолияти самараноки  МД  “Комиссияи  олии  аттестатсионӣ”-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳову муассисаҳои илмии соҳавӣ ва муассисаҳои  таҳсилоти олии мамлакат диссертатсияҳо ва китобу мақолаҳои илмӣ  бо забони тоҷикӣ навишта мешаванд, ки ин ба ташаккулу рушди забони илмии тоҷикӣ мусоидат мекунад. Бинобар ин, айни замон дар мамлакат зарурати таъсис додани Индекси иқтибоси илмии Тоҷикистон (ИИИТ) дар заминаи Китобхонаи миллӣ бо созмон додани портали азими иттилоотӣ дар соҳаи илму маориф ба миён  омадааст.  Ин ниҳод бояд алоқаҳои ҷаҳонии худро бо ниҳодҳои мувофиқи кишварҳо бо роҳи ташкили тарҷумаи англисии реферат ва аннотатсияи васеи асарҳои илмии олимони кишвар ба роҳ монад.

Аброр МИРСАИДОВ,  муовини директори
Институти иқтисодиёт ва демографияи
АМИ Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2020    №: 132    Мутолиа карданд: 284
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед