logo

туризм

Туркистон: нишемангоҳи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ

Дар ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Қазоқистон чандин шаҳр ва ёдгориҳои қадим сайёҳони бешуморро ба худ ҷалб месозанд, ки яке аз онҳо шаҳри Туркистон ба шумор меравад.
Соли 2000 Юнеско 1500 -солагии шаҳрро ҷашн гирифт. Ҳудудаш 7,4 ҳазор километри мураббаъ буда, аз шаҳри Чимкент, ки маркази вилояти Қазоқистони Ҷанубист, дар масофаи 225 километр воқест. Аҳолиаш бо ҷамъи сокинони деҳот 220 ҳазор нафар. Қазоқҳо (54 %), ӯзбекҳо (40%), русҳо (1,4 %), тоҷикҳо (1%) ва намояндагони миллатҳои дигар дар корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт, соҳаҳои илму маориф, тиб, кишоварзию чорводорӣ машғули заҳмат ва дар фикри ободии шаҳранд.
Раиси шаҳр Жанболат Иброҳимов гуфт, ки ҳукумат ба рушди сайёҳӣ бисёр аҳамият медиҳад, зеро дар канори шаҳри имрӯза маҷмааи ёдгории Хоҷа Аҳмади Ясавӣ қомат афрохтааст, ки ҳар сол ба зиёрату тамошояш аз 700 ҳазор то 1 миллион нафар сайёҳ аз тамоми олам, махсусан аз кишварҳои туркзабон меояд.
Хоҷа Аҳмади Ясавӣ асосгузори як силсилаи тасаввуф –Ясавия буда, таълимоти ӯ дар асри XII дар Осиёи Миёна густариш ёфтааст. Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ғояи асосии таълимоти Ясавияро дар асари фалсафиаш «Девони ҳикмат» ифода намудааст. Яса номи қадимаи шаҳри Туркистон мебошад ва Хоҷа Аҳмад тахаллус ва унвони таълимоташро аз он гирифтааст.
Дар Қазоқистон як ривояти машҳуре дар забони халқ роиҷ аст. Мегӯянд, ки Хоҷа Аҳмади Ясавӣ чун ба синни 63 расид, дигар рӯзона дар рӯи замин қадам заданро ба худ муносиб надида, зеро дар ин син паёмбари ислом Муҳаммад (с) аз дунё реҳлат карда буд, хилватхонае сохт дар зери замин. Рӯзона он ҷо машғули тиловат ва эҷод мешуду шабона берун меомад. Хилватхона имрӯз ҳам вуҷуд дорад ва аз чандин ҳуҷраҳои ба ҳам пайванд иборат аст. Файласуфи сӯфӣ соли 1166 дар ҳамин ҷо фавтида ва қабраш аз ҳамон давра ба зиёратгоҳ табдил ёфтааст. Баъди он ки дар асри XIV АмирТемур дар болои мазори сӯфӣ мақбара бунёд кард, маҷмааи ёдгорӣ бештар шӯҳрат гирифт. Маҷмаа аз дахма, масҷид ва хонақоҳ иборат буда, дарозиаш 62,5 метр, бараш 46,5 метр ва баландиаш 40 метр аст. Маҷмаа аз 35 адад хона иборат буда, бо ҳам бо роҳравҳо ва зинаҳо пайваст шудаанд. Роҳравҳо биноро ба 8 қисми алоҳида ҷудо кардаанд. Қутри гунбади асосӣ 18,2 метр буда, дар байни гунбадҳои хиштии Осиёи Марказӣ аз ҳама бузургтар аст.
Тарзи сохт, нақшу нигор ва дигар назокатҳои маҷмаа дар худ намунаҳои меъмории асрҳои IX-XIV Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Аввалҳо бостоншиносон чунин мепиндоштанд, ки мақбараи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ солҳои 1397-1399 бунёд шудааст. Вале тадқиқоти солҳои охир ошкор сохтанд, ки иншоот таърихи қадимтар дорад. Баъди вафоти сӯфӣ дар болои қабри ӯ шогирдон ва ихлосмандонаш дахмае сохтанд бо тарзи меъмории қарахониҳо. Аз сабаби он ки мазори пири ясавиҳо ҷои зиёрат гашт, дар атрофи он боз чанд иншооти ба шахсияти Хоҷа вобаста қад кашиданд. Баъд бо фармони Амир Темур меъморон ҳамаи онҳоро ба ҳам пайваста, як маҷмааи бошукӯҳ созмон доданд. Ҷойгаҳи асосии зиёратгоҳ толори деги бузург мебошад, ки онро устои моҳир Абдулaзиз ибни Шарафуддини Табрезӣ аз омехтаи ҳафт фулуз рехтааст. Деги мазкур рамзи ваҳдат ва меҳмондӯстӣ буда, вазнаш 2 тонна ва қутраш 2,2 метр мебошад.
Имрӯз роҳу кӯчаҳо, хиёбону гулгаштҳо, мактабу донишгоҳ ба унвони Хоҷа Аҳмади Ясавӣ номгузорӣ шудаанд. Масалан, соли 1991 дар шаҳри Туркистон Донишгоҳи байналмилалӣ созмон ёфт, ки соли 1993 бо фармони Президент Н. Назарбоев Донишгоҳи байналмилалии қазоқию туркии ба номи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ унвон гирифт. Филиалҳояш дар шаҳрҳои Алмаато, Тироз, Чимкент фаъол буда, 27 ҳазор нафар донишҷӯ илми иқтисод, молия, санъат, таърих, тиб физика, кимиё, риёзӣ, забонҳои хориҷӣ ва ғайра меомӯзад. Донишгоҳ аз ҷониби Туркия маблағгузорӣ мешавад. 700 нафар донишҷӯ бо квотаи президентӣ мехонад ва барои таҳсил маблағ намепардозад. Дар ин ҷо ҷавонони 30 кишвари дунё, аз қабили Ӯзбекистон, Туркманистон, Федератсияи Русия, Қирғизистон, Туркия, Кипр, Булғория ва ғайра ихтисос мегиранд. Ҳамаи онҳо бо хобгоҳ, китобу компютерҳои бо интернет пайваст таъминанд. Донишҷӯёне, ки баҳои миёна надоранд, 75 доллар идрорпулӣ мегиранд. Дипломи донишгоҳ дар бисёр давлатҳо қадру қимати баланд доштааст.
Муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ гуфт, ки онҳо метавонанд чанд нафар ҷавонони Тоҷикистонро ба воситаи квотаи президентӣ ба таври ройгон ба таҳсил фаро гиранд. Инро метавон бо ташаббуси вазоратҳои маорифи ду давлат мусбат ҳал кард.

Қурбон МАДАЛИЕВ,
шаҳри Туркистони Қазоқистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7794
28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ СИНАМО ДАР ТОШКЕНТ

16.09.2022


ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед