logo

Хабарҳо

ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДАСТГОҲҲОИ НАФАСДИҲӢ МЕФИРИСТАД

Sputnik. «Қазоқистон ба Тоҷикистон дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ мефиристад», - гуфт муовини вазири тандурустии кишвар Людмила Бюрабекова.
Номбурда афзуд, ки таҷҳизоти мазкур барои мубориза бо COVID - 19 ҳамчун ёрии башардӯстона то охири сол интиқол дода мешавад. Муовини вазир тавзеҳ дод, ки ин дастгоҳҳоро дар мошини ёрии таъҷилӣ низ метавон истифода бурд.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин ёрии башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон набуда, моҳҳои апрел ва май маводи озуқа, аз қабили орд фиристода буд.


ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ БЕЛАРУС БО ЛУКАШЕНКО ЧОР НАФАР РАҚОБАТ МЕКУНАД
INTERFAX.RU. Комиссияи марказии интихоботии Беларус номзадии панҷ нафарро ба президентӣ сабт намуд.
Инҳо сарвари феълии давлат Александр Лукашенко, собиқ вакил Анна Канопатская, раиси ҳизби БСДГ Сергей Черечня, ҳамраиси иттиҳодияи "Ҳақиқатро бигӯ" Андрей Дмитриев ва ҳамсари блогнавис Сергей Тихановский - Светлана Тихановская мебошанд.
Ба қайд гирифтани собиқ бонкдор Виктор Бабарико, ки аз рақибони асосии Лукашенко маҳсуб меёфт, рад карда шуд. Зимни ин КМИ ба маълумоти Кумитаи назорати давлатӣ дар бораи фаъолияти ғайриқонунии ин шахси пешбаришуда истинод намуд.
Интихоботи президентӣ дар Беларус 9 август баргузор мегардад.


МАКРОН: «ШОЯД COVID-2019 БА ФРАНСИЯ ТАКРОРАН БАРГАРДАД»
Gazeta.ru. Президенти Франсия Эммануэл Макрон изҳор дошт, ки нишонаҳои ба мамлакат баргаштани коронавирус пайдо шуда истодаанд.
«Аломатҳое ҳастанд, ки хуруҷи коронавирус аз нав сар мешавад», — гуфт Сарвари давлат. Ҳамзамон, таъкид намуд, ки ин дафъа Франсия ба пайдоиши эпидемия омода аст. «Мо дар давраи пандемия хеле чизҳоро ёд гирифтем», - гуфт Макрон ва шаҳрвандонро ба риояи ҳатмии тадбирҳои амниятӣ, истифодаи ниқоб дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват намуд.
Тибқи маълумоти охирин, дар мамлакат аз 105 ҳазор мубталои вируси нав қариб 80 ҳазор кас шифо ёфт.


ҲУШДОРИ РУСИЯГИҲО АЗ ХАТАРИ КОРОНАВИРУСИ БЕАЛОМАТ
АИР Новости. «Нафароне, ки бидуни аломат ба коронавирус сироят шудаанд, нисбат ба онҳое, ки нишонаҳои беморияшон зуҳур кардааст, одамони солимро бештар сироят мекунанд», - огоҳ намуд муовини шаҳрдори Москва Анастасия Ракова.
Ӯ ба тадқиқоте дар пойтахт истинод кард, ки дар он беш аз 400 ҳазор нафар иштирок дошт. Маълум гашт, ки 22 дарсад аз ҳодисаҳои беаломат, 20 дарсад аз бемории шакли сабук, 14 дарсад аз бемории миёна ва 15 дарсад аз бемории вазнин сироят шудаанд.
Ракова гуфт, ки маризони беаломат тавсияҳои гигиениро камтар риоя мекунанд.


ГУБЕРНАТОРИ КУРСК МАНСАБДОРОНРО БАРОИ ХАТОҲОИ ИМЛОӢ ҶАРИМА НАМУД
РБК. Сарвари вилояти Курск Роман Старовойт мансабдоронро барои хатоҳои имлоӣ аз мукофот маҳрум намуд, бо таъкиди он ки дар муросилоти расмӣ ба чунин хатоҳо роҳ додан норавост.
«Қаблан барои ин танҳо шифоҳӣ эрод мегирифтам. Лекин баъди ду ҳодисаи охир ба андешидани чораҳои интизомӣ маҷбур шудам», — гуфт губернатор.
Старовойт зикр намуд, ки соли охир дар шаш-ҳафт номаи расмӣ хатоҳои имлоӣ ошкор кардааст. Ба гуфтааш, ҳатто як вергули нодуруст гузошта метавонад маънои навиштаро таҳриф намояд. Аз ин рӯ, бесаводии корманд роҳбарро бояд ба андеша водор созад, ки оё вай бо чунин чаласаводӣ ба вазифа лоиқ аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 142
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед