Хабарҳо
ВАРЗИШ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. ТАЭКВОНДОЧИИ ТОҶИК МЕДАЛИ ТИЛЛО ГИРИФТ
Тавре медонем, бо сабаби хуруҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон мусобиқаҳои зиёди сатҳи байналмилаливу миллӣ лағв гардиданд ё ба вақти дигар гузаронда шуданд. Варзишгарон бошанд, имкони машқу тамринро танҳо дар хона доштанд. Федератсияҳои ҷаҳонии варзишӣ барои гузарондани баъзе чорабиниҳои маҷозӣ, ки бо иштироки як варзишгар сурат мегирад, иқдом карданд.
Ташкилоти таэквондои ҷаҳонӣ аз рӯи равияи пумсе, ки аз ҳаракатҳои танҳо як варзишгар иборат мебошад, чанд мусобиқаи онлайнӣ баргузор кард. Дар онҳо Умедҷон Саидуллозода, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (WT), ширкат намуда, ба муваффақият ноил гардид.
Ба иттилои раиси Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, Умедҷон дар мусобиқаи онлайнии Перу, ки 19 июл бо иштироки варзишгарони 26 давлат баргузор шуд, мақоми аввалро касб кард. Аз ин пеш ӯ дар мусобиқаи онлайнии Эрон (24 май) сазовори ҷои сеюм гардида буд.
ЛИГАИ ОЛӢ. АҲТАМ НАЗАРОВ БОЗ БА «ИСТИҚЛОЛ» БАРГАШТ
Капитани тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол Аҳтам Назаров, ки дар дастаи «Башундара Кингз» (чемпионати Бангладеш) бозӣ мекард, ба дастаи «Истиқлол» баргашт, - хабар медиҳад дафтари матбуотии бошгоҳ.
Тавре манбаъ меафзояд, Аҳтам бо тим то охири мавсими соли 2021 қарордод ба имзо расонд.
Ёдовар мешавем, ки Аҳтам Назаров аз соли 2013 то 2019 дар «Истиқлол» бозӣ мекард.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 925