logo

Хабарҳо

ИДИ ҚУРБОН. 31 ИЮЛ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

- Дар шаш моҳи аввали соли равон аз тарафи комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷараёни баргузории маъракаҳо 9140 рейди санҷишӣ гузаронда шуд. Вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 322 парвандаи маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53-то кам аст, - иброз дошт Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дар нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, рӯйхати ҳаҷравандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба кумита пешниҳод гашт. Бо назардошти паҳншавии бемории коронавирус сафари имсолаи зоирон бекор карда шуд. Аз ин рӯ, баъди бартараф шудани  мушкилоти баамаломада дар мавсими навбатӣ, пеш аз ҳама, онҳое сафар хоҳанд кард, ки тибқи навбат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод гардидаанд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, зикр намуд, ки Иди Қурбон дар Тоҷикистон 31 июл таҷлил мешавад. Мувофиқи талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 ва тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои аз таъсири ин беморӣ эмин мондан, ҷамъшавии одамон ба мақсад мувофиқ нест. Аз ин рӯ, тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи ид дар масҷидҳои кишвар намози дастаҷамъона баргузор намегардад ва намозгузорон метавонанд дар хонаи худ дар вақти намози ид ба зикру тоат машғул шаванд. Тавре раиси Шӯрои уламо баён дошт, мувофиқи гуфтаи баъзе аз фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ дар ин гуна ҳолатҳо қурбонӣ баъди нисфирӯзӣ анҷом дода мешавад.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 961
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед