logo

Хабарҳо

ПУТИН ВА ЗЕЛЕНСКИЙ ВАЗЪИЯТИ ДОНБАССРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ТАСС. Президентҳои Украина ва Россия Владимир Зеленский ва Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд, ки бо ибтикори ҷониби Украина сурат гирифт.
Сарони давлатҳо зимни баррасии вазъияти Украина ба тадбирҳои иловагии қатъи задухӯрд дар Донбасс баҳои мусбат дода, аҳамияти риояи онҳоро таъкид намуданд. 22 июл гурӯҳи тамос чораҳои иловагии оштишавӣ дар Донбассро ба мувофиқа расонд. Тибқи музокирот, 27 июл дар  хати  тафриқа  дар Донбасс ҷонибҳо оташфишониро қатъ месозанд.
Зеленский дар ҷараёни суҳбат зарурати андешидани тадбирҳои минбаъдаи амалӣ ҷиҳати озодсозии украиниҳоеро таъкид намуд, ки дар Қрим ва дигар минтақаҳои ФР, ҳамчунин, дар Донбасс нигоҳ дошта мешаванд.

ВОХӮРИИ РОССИЯ ВА ИМА ОИД БА НАЗОРАТИ ПАҲНШАВИИ СИЛОҲ 28 ИЮЛ ДАР ВЕНА ОҒОЗ МЕЁБАД
ТАСС. Даври навбатии машварати Москва ва Вашингтон оид ба масъалаи мазкур 28-30 июл дар пойтахти Австрия баргузор мегардад, - хабар додааст Департаменти давлатии ИМА.
«Дар ин вохӯ-риҳо масоили доктринаи ядроӣ ва пайконҳо, инчунин, ташаббуси Иёлоти Муттаҳида оид ба назорати сеҷонибаи паҳншавии силоҳ баррасӣ мегардад», - гуфта мешавад дар хабар.
Қаблан гуфтушуниди муовини вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Рябков ва намояндаи вижаи Президенти ИМА оид ба назорати силоҳ дар Вена доир гашта буд. Ҷонибҳо дар бораи оғози машварати дуҷониба ҷиҳати таҳияи меъёрҳое ба мувофиқа расиданд, ки ба назорати силоҳи стратегӣ дахл мекунанд.


БАЙДЕН ДАР СЕ ИЁЛАТИ КАЛИДӢ БАР ТРАМП БАРТАРӢ ДОРАД
CNN. Бартарии номзади ҳизби демократӣ дар интихоботи президентӣ Ҷо Байденро нисбат ба Президенти феълии Амрико назарсанҷии навбатӣ муқаррар намуд.
Аз ҷумла, дар Аризона Байденро 49 дарсади пурсидашудаҳо ҷонибдорӣ мекунанд, Трампро 45 дарсад. Дар Флорида ҷонибдорони Байден 51 дарсадро ташкил доданд, ки нисбат ба натиҷаи Трамп 6 дарсад бештар аст. Дар Мичиган бартарии яқини Байден (52 дарсад) бар рақиби ҷумҳурихоҳаш (40 дарсад) маълум гашт. Дар интихоботи сарвари давлат соли 2016 Доналд Трамп дар ин се иёлат ғолиб омада буд.
Интихоботи президентӣ дар ИМА 3 ноябри соли равон баргузор мешавад.


ДАР ӮЗБЕКИСТОН ШАШ НАФАР БАЪДИ ФАВТ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID-19 МУКОФОТОНИДА ШУД
Sputnik. Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев фармонро дар бораи бо унвонҳои фахрӣ, ордену медалҳо қадр намудани ашхосе, ки дар мубориза бо коронавирус саҳми вижа гирифтанд, ба тасвиб расонд.
Ба рӯйхати мукофотгирифтаҳо кормандони тиб, мақомоти корҳои дохилӣ, мудофиа, ҳолатҳои фавқулода ва Горди миллӣ шомил шудаанд, ки дар маҷмӯъ, 258 нафаранд. Дар миёни онҳо шаш нафар баъди вафот бо медали «Ҷасорат» арҷгузорӣ шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 751
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед