logo

Хабарҳо

ХАДАМОТИ ИҶРО. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

Ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар маҳалҳо дар шаш моҳи аввали соли равон 23080 мавод ва арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот ворид гардидааст. Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ дар ин давра иҷрои воқеии 17320 ҳуҷҷати иҷро таъмин гардид.
Дар ин бора Барно Саидвализода, сардори хадамот, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали ин ниҳод иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки дар самти барқарор намудани  маблағҳои зарари расондашуда ва ҷарима зиёда аз 8 миллиону 824 ҳазор сомонӣ  ба манфиати давлат рӯёнда шуд. Инчунин, беш аз 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, 178 450 рубли Федератсияи Россия, 189 639 доллари ИМА, 2 875 евро ва 200 юани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун маблағҳои ба манфиати давлат мусодирашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол гардид.
Дар сохтори хадамот бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил шудааст. Феълан ба ин феҳрист 1 922 шахси воқеӣ ва 130 ҳуқуқӣ ворид шудаанд.
- Бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо ва иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои судӣ ва дигар санадҳо хадамот бо намояндагони барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»- и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) баҳри омӯзиши таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо ҳамкориро идома дода, инчунин, бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи созишномаи ҳамкориро таҳия ва ба имзо расонд, - гуфт Б. Саидвализода.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 812
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед