Хабарҳо
ТАБИБОНИ ТОҶИК ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19-РО АНДӮХТАНД
Бо назардошти авҷгирии бемории сироятии COVID – 19 дар анбори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ 1068 дастгоҳи тиббӣ, панҷоҳу се номгӯи доруворӣ, бисту панҷ номгӯи маводи худмуҳофизатӣ ва безараргардонӣ ва сиву ҳафт дастгоҳи нафаскашӣ захира шудааст.
Ин нуктаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ тазаккур дод.
Бино ба гуфтаи ӯ, 1000 донишҷӯи дар муассисаҳои тиббӣ таҳсилдошта, чун ихтиёриён, дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифати тиббӣ байни аҳолӣ ширкат варзиданд.
- Вазъи имрӯзаи пандемияи коронавирус нишон дод, ки мо ба эпидемиолог ва вирусологҳои варзида ниёз дорем. Аз ҳамин сабаб, қарор шуд, ки шумораи мутахассисони вирусшиносро бояд зиёд намоем ва бо ин мақсад чанд нафар табиб барои таҷрибаомӯзӣ ба хориҷа фиристода шавад. Ҳоло ҷараёни такмили ихтисос дар ин соҳа идома дорад ва, аллакай, табибони мо таҷрибаи мубориза бо коронавирусро андӯхтанд, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Б. САЛИМЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1015