Хабарҳо
ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ: 14 ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМО ДАР ЯК ҲАФТА
Sputnik. Ҳавопаймоҳои Тоҷикистон минбаъд ҳамарӯза 2 парвоз ба самти Россия анҷом медиҳанд. Дар ин бора вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳузури хабарнигорон гуфт.
Ба изҳори ӯ, ба ин минвол ҳар ҳафта 14 парвоз дар масири Тоҷикистону Россия сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки қаблан Тоҷикистон барои иҷозатномаи парвозҳои ҳаррӯза ба Россия ба ҳукумати ин кишвар муроҷиат намуда буд. Аз суханҳои вазир бармеояд, ки Москва ба муроҷиати Душанбе посухи мусбат додааст.
СУТ БАРОИ БАРРАСИИ ВАЗЪИ ФЕЪЛИИ КОРОНАВИРУС ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ФАВҚУЛОДАРО ДАЪВАТ МЕКУНАД
REGNUM. Аз ин хусус раҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус зимни нишасти матбуотӣ дар Женева хабар расонд.
Ба гуфтааш, 30 июл аз рӯзе, ки СУТ аз COVID-19 эълом дошт, шаш моҳ пур мешавад. «Бо тақозои қоидаҳои байналмилалӣ ман аъзои кумитаи фавқулодаро ҳамин ҳафта ҷамъ меорам. Кумита бояд вазъи пандемияро таҷдиди назар намуда, тавсияҳои дахлдор пешниҳод созад», - гуфт Гебрейесус.
ТРАМП: «ФАВТ АЗ COVID - 19 ДАР ИМА ҚАТЪИЯН КОҲИШ ЁФТ»
АИР Новости. Тавре Президенти Иёлоти Муттаҳида изҳор намуд, дар мамлакат тавонистанд сатҳи марг аз коронавирусро нисбат ба давраи баҳор ҷиддан паст кунанд.
«Сатҳи фавт барои ашхоси аз 18 - сола боло ҳоло назар ба моҳи апрел 85 дарсад, нисбат ба Аврупо 25 дарсад камтар мебошад. Моҳи апрел 22 дарсади марг дар ИМА бо вируси нав рабт дошт. Ҳафтаи гузашта мо ин нишондиҳандаро ба камтар аз 7 дарсад фуровардем», - гуфт Трамп дар иёлати Каролинаи Шимолӣ.
Тибқи маълумоти охирин, дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион одам гирифтори вируси нав гашта, аз ин миён қариб 147 ҳазор бемор шифо наёфт.
ҲИНДУСТОН МОҲИ АВГУСТ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАРО БА РОҲ МЕМОНАД
India TV. «Пажӯҳишгоҳи хунобаи Ҳиндустон (SII) моҳи август ба истеҳсоли партияи нахустини ваксинаи озмоишии Covishield сар мекунад», - гуфт директори муассиса Адар Пунавалла.
«Мо ба истеҳсоли чанд миллион воя таваккул мекунем. Агар корамон барор гирад, то охири сол истеҳсоли оммавияшро ба роҳ мемонем. То семоҳаи якуми соли дигар ваксина ба мардум дастрас мегардад», - баён дошт Пунавалла.
Ваксина натиҷаи тадқиқоти донишгоҳи Оксфорд ва ширкати утришии AstraZeneca мебошад. Пунавалла тавзеҳ дод, ки дар аввал моҳе 60 - 70 миллион воя бароварда, онро тадриҷан ба 100 миллион мерасонанд. Ҳамин тавр, то охири сол 300 - 400 миллион вояи Covishield бароварда мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 750