logo

Хабарҳо

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ ҶОИЗАИ 31-УМАШРО СОҲИБ ШУД

Тавре иттилоъ додем, бошгоҳи «Ювентус», ду давр пеш аз хотимаи чемпионати Италия, унвони қаҳрамониро ба даст овард.
Тибқи иттилои сомонаи Спорт.ру, барои Криштиану Роналдуи 35 - сола ин сеюмин ҷоиза дар ин даста ва 31 - умин дар корномаи варзишиаш ба ҳисоб меравад.


ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ЯКУМ ДАР ФАКТУ РАҚАМҲО
Дар марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ 45 бозӣ доир шуда, дар 21 рақобат дастаи мизбон ва дар 14 - тои дигар тимҳои меҳмон ғалаба кардаанд. 10 неруозмоӣ мусовӣ хотима ёфт.
Дар умум, 145 гол зада шуд, ки 75 тӯбро дастаҳои мизбон ва боқимондаро тимҳои меҳмон ба ҳадаф расондаанд. Ин миқдор гол ба ҳисоби миёна ба ҳар як бозӣ 3 - тоӣ рост меояд.
«Истиқлол» аз ҳама дастаи сермаҳсули чемпионат буда, бо задани 39 гол муваффақ шуд, ки он беш аз 2 баробар аз дастаи зинаи дуюм – «Хуҷанд» зиёд аст. Инчунин, таносуби беҳтари тӯб низ ба фоидаи ин даста буда, он танҳо 5 гол ба дарвозаашон сар додааст. «Локоматив – Помир» аз ҳама кам - 7 тӯб ба самар расонда, аз ҳама зиёд ба дарвозаи дастаи «Истаравшан» гол задаанд: 26-то.
Дар садри нишонзанҳои беҳтарин футболбози «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов (10 гол) қарор дорад. Ҳамдастаи ӯ Алишер Ҷалилов ва ҳамлагари «Истаравшан» Илҳом Баротов бо 8 - тоӣ ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол мекунанд.
Дар ҷараёни бозиҳои нимаи аввали чемпионат доварон 86 корти зард нишон дода, 5 футболбозро аз майдон бо нишон додани баргаи сурх рондаанд. Бозигарони «Хатлон» бештар аз дигарон – 13 бор бо корти зард 3 бор бо корти зарди дуюм ва 1 бор бо корти сурх ҷазо гирифтанд.
Футболбозони «Регар – ТадАЗ» ҳамагӣ 5 бор бо корти зард муҷозот шудаанд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар чемпионат аст.

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 715
09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд

Намояндагони кишварҳои СААД масъалаи амнияти иттилоотиро баррасӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

31.03.2021


ҲИСОР. БУНЁДКОРИҲО ДАР ДЕҲАИ ЛОЛАГӢ

ҶОМИ КФО – 2021

ИА ва СҶТ созишнома оид ба солимӣ таҳия менамоянд?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.03.2021


ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГӢ. ТАШВИҚГАРИ ТАМАДДУНИ АЗАЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед