Хабарҳо
СУҒД. 48 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БА ФАЪОЛИЯТ ПАРДОХТ
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 ба хабарнигорони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ иброз дошт, ки сарфи назар аз мушкили пешомада - паҳншавии бемории COVID-19, дар шаҳру навоҳии вилоят дар маҷмӯъ, 48 корхонаи нави истеҳсолӣ бо таъсиси 650 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт.
- Ҷойи таъкид аст, ки дар аксари ин корхонаҳо хатҳои технологии пешқадами муосир насб шуда, маҳсулоти тавлидотиашон бештар содиротианд. Бояд ин равандро босуръат идома диҳем ва Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро сазовор истиқбол гирем, - гуфт раиси вилоят.
Ҳиссаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар равобити иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли равон ба 78, 5 дарсад баробар шуда, саҳми мамолики хориҷии дур дар ин ҷода 174, 8 миллион доллар ё 21,5 дарсадро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содироти меваи хушк 19,3 (1469,5 тонна), меваи тару тоза 3,2 (126,3 тонна), пиёз 24,7 дарсад (12 ҳазору 474,8 тонна) афзудааст. Бо вуҷуди мушкилиҳои воқеӣ, содироти маҳсулоти сурма ва калобаи пахтагӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.
Раиси вилоят дар робита ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19, таъкид кард, ки чун дар тамоми ҷаҳон ва манотиқи дигари кишвар дар рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят таъсири манфии ин беморӣ ба мушоҳида расид. Масалан, бар асари бемории мазкур корхонаҳои саноатии вилоят ба миқдори наздики ним миллиард сомонӣ маҳсулот тавлид карда натавонистанд. 14 ҳазор нафар соҳибкори бо патент ва 2,2 ҳазор бо шаҳодатнома фаъолияткунанда як муддат аз хизматрасониву ҷараёни истеҳсолӣ дур шуданд. Сарфи назар аз мушкилиҳо, музди маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ ва нафақаи нафақагирон дар вақташ пардохт гардид.
Ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд. Муассисаҳои тиббии вилоят ба қадри басанда бо доруву таҷҳизот ва либосҳои махсус таъмин шудаанд. Барои ҳаллу фасли масоили мавҷуда дар маҷмӯъ, зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Вазъи вилоят вобаста ба бемории COVID-19 зери назорати қатъии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, ситоди доимоамалкунанда бомаром фаъолият мекунад ва ҳар мушкили пешомада дар ҷояш ҳал мешавад.
- Роҳандозии тадбирҳои муассиру мушаххас баҳри табобату пешгирии COVID-19 шароит фароҳам меоварад, ки фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят марҳила ба марҳила ба маҷрои қаблиаш бозгашта, раванди муътадили истеҳсолию хизматрасонӣ таъмин гардад ва бо риояи талаботи пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ хурду калони вилоят баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба корҳои ободонию бунёдкорӣ камари ҳиммат банданд, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 796