Хабарҳо
5 ҲАЗОР ҶОЙИ НИШАСТ. МАКТАБ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода иброз намуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду барқарорсозии 414 иншоот дар назар буда, то 1 июли соли ҷорӣ 262 ё 63,3 дарсади онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки, илова бар ин, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат иншооти ҷашнӣ ба беш аз 500 расида, дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳраки Сомониён 30 нуқтаи хизматрасонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода шуд.
- Аз 262 иншооти бунёдёфта 42-тоаш ба соҳаи маориф рост меояд, ки дорои зиёда аз 5 ҳазор ҷойи нишаст барои хонандагон мебошад, - афзуд Рустам Акрамзода.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 952