Хабарҳо
ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 419,1 МИЛЛИОН СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД
- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 419,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 миллион сомонӣ (1,9 дарсад) зиёд мебошад,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода.
Зикр гардид, ки дар ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» ба маблағи 227,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд.
- Ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкории хурду миёна филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба 8664 нафар 88,3 миллион сомонӣ қарзи хурд доданд,- афзуд ӯ.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 803