Хабарҳо
ДТҶ. БО ИНШООТИ НАВИ ВАРЗИШӢ ҚАРОРДОДИ ҲАМКОРӢ ХОҲАД БАСТ
Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С. Раҳимов, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсола ба хабарнигорон гуфт, ки дар давраи аввали дохилшавӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ 1525 ҷойи пешбинишуда пур гардид. Шумораи духтарон дар қиёс ба як соли қабл зиёд мебошад.
Ба саволи шореҳи варзиши рӯзнома, оид ба бастани қарордоди ҳамкорӣ бо маҷмааи шиноварӣ ва қасри теннис, ки чанде қабл кушода шуд, ректори муассиса чунин ҷавоб дод:
- Доир ба ин масъала пешниҳодҳо шуд ва нақша дорем, ки шартнома ба имзо расонда, дарсҳои амалиро дар ин варзишгоҳҳо гузаронем. Ин бароямон хеле мусоид аст, зеро дар назди донишкада мебошад.
Маҳмуд БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1068