Хабарҳо
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ
Давоми шашмоҳаи соли равон, аз ҳисоби ташкили корхонаҳои нави истеҳсолию хизматрасонӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нави кишт, дар ҷумҳурӣ 38 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам омад ки аз ин беш 17 ҳазораш доимӣ мебошад.
Ҳамзамон, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли равон, ба 3 ҳазор оилаи осебпазири муҳоҷирони меҳнатие, ки дар ин давра аз ҷойи кор дар хориҷи кишвар маҳрум гардида буданд, ба ҳар кадоми онҳо ҳар моҳ 400-сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.
Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, паҳншавии бемории COVID-19 дар аксари давлатҳои ҷаҳон, ки ба басташавии сарҳадҳо боис гардид, ба раванди муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ таъсири манфӣ расонд. Муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон тайи нимсола 57 дарсад коҳиш ёфта, наздики 130 ҳазор нафар барои кор ба хориҷи кишвар рафт, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешӣ қариб 171 ҳазор нафар кам аст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 622