Хабарҳо
МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои таҳлил ва машваратии мамлакат бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ, такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Робитаҳои ниҳод бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон ва марказҳои стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша сол ба сол тавсеа меёбанд.
Ин нуктаро директори марказ Хуршед Зиёӣ зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 72 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ омода гардид.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 633