Хабарҳо
ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ
- Бо маблағгузории ширкат дар нуқтаҳои ҳисоби неруи барқи муштариён дар шаҳрҳои Кӯлоб, Леваканд ва ноҳияҳои Ёвону, Рӯдакӣ 22 ҳазору 599 ҳисобкунаки кортӣ, ки тариқи пешпардохт кор мекунанд, насб шуданд, - гуфт зимни нишасти хабарӣ Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК «Барқи тоҷик».
Чуноне таҳлилҳо нишон доданд, ин омил ба сарфаи неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағҳо мусоидат намуда, инчунин, боиси бартараф шудани садамаҳо дар таҷҳизоти барқӣ ва шабакаҳо гардид.
Ширкат бо мақсади сарфаҷӯӣ, коҳиш додани талафоти қувваи барқ ва сари вақт ҷамъ овардани маблағи барқи истифодашуда тасмим гирифтааст, ки тамоми таҷҳизоту асбоби барқии куҳнашуда ва муҳлати истифодаашон гузаштаро бо таҷҳизоту асбоби барқии замонавӣ иваз намояд.
Зикр шуд, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони зерсохторҳои ШСХК «Барқи тоҷик» 11 931 ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқро ба қайд гирифта, ба маблағи беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб доданд. Аз ин ҳисоб 8, 7 миллион сомонии он пардохт шуд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 619