logo

иҷтимоиёт

Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар, шаҳри Душанбе, 28 июли соли 2020

Ҳамватанони азиз!
Тавре ба ҳамаи шумо маълум аст, мо муддати чанд соли охир дар соҳаи энергетикаи кишвар ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шудем.
Ба истифода супурдани неругоҳҳои барқи обии «Помир - 1», «Сангтўда - 1», «Сангтўда - 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин, Неругоҳи «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ва даҳҳо неругоҳи барқи обии хурд аз ҷумлаи дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир мебошанд. Дар натиҷа маҳдудияти таъмини неруи барқ аз 14 январи соли 2017 дар кишвар пурра бардошта шуд.
Дар давраҳои оғози истиқлолият солҳое буданд, ки сокинони Тоҷикистон дар як шабонарўз ҳамагӣ ду соат барқ мегирифтанд. Аз санаи зикршуда, яъне 14 январи соли 2017 то имрўз мардуми Тоҷикистон 24 соат бо неруи барқ таъмин мебошанд. Чунонки ҳамватанони азизи мо огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим босуръат идома дорад, ки таъсири он, хусусан соли ҷорӣ ба Тоҷикистон низ шиддат гирифт.
Тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам буд ва ҳамагӣ 50 фоизи ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил кард. Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад.
Имрўзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст. Чунин ҳаҷми об нишонаи равшани он аст, ки дар кўҳҳо захираи барф кам мебошад.
Имрўзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст. Агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меоянд.
Дар кишвар 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебарад.
Мардуми мо хуб медонанд, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад. Яъне, мо имрўз метавонем бо истифодаи сарфакоронаи неруи барқ мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгирӣ намоем.
 Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд.
Мо имрўз ҳатто маҷбур шудем, ки пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли неруи барқро ба Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қатъ намоем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки вазъиятро дуруст фаҳманд. Дар вазъияти имрўза ин ягона роҳест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкилӣ раҳонад.
Бо дарназардошти вазъияти баамаломада ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд.
Ҳамаи мо бояд як масъаларо дар назар дошта бошем, ки агар имрўз неруи барқро сарфакорона истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии обро захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем.
Ҳукумати мамлакат ба маълумоти мардуми шарифи Тоҷикистон мерасонад, ки тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, то ки сокинони кишвар дар фасли тирамоҳу зимистон азият накашанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2020    №: 141    Мутолиа карданд: 116
03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

28.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 28 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ». 200 ҲАЗОР АҲОЛИИ ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ. МАҶМӮИ МАЪЛУМОТ МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАҲИЯ ВА НАШР МЕГАРДАД

САҲМИ ДУШАНБЕ ДАР ММД-И КИШВАР БА 20,7 ДАРСАД РАСИД

МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ

КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕГАРДАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед