Хабарҳо
СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»
«Интерфакс». Дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мутмаинанд, ки одамон танҳо бо як мавҷи SARS-CoV-2 бархўрд хоҳанд кард, лекин он метавонад суръат гирад ё суст шавад. Ин ақидаро намояндаи ниҳоди ҷаҳонӣ Маргарет Харрис баён дошт.
Ба гуфтаи Харрис, сайёра мувоҷеҳи «як мавҷи калони коронавирус» шуд, ки «каме пасту баланд мешавад». Ў фасонаро дар бораи он ки аз гармо вируси нав коҳиш меёбад, рад намуд ва хотирнишон сохт, ки коронавирус ба зуком, ки хусусияти мавсимӣ дорад, монанд нест.
Маргарет Ҳаррис иброз дошт, ки алҳол хусусияти мавсимии коронавирус тасдиқ нашудааст ва афзуд, ки суръати баланди хуруҷи вирус дар кишварҳои ҳам нимкураи Шимолӣ ва ҳам Ҷанубӣ мушоҳида мегардад.
НАРХҲОИ ТАХМИНИИ ВАКСИНАҲОИ COVID - 19 ГУФТА ШУДАНД
Financial Times. Ширкати биотехнологии амрикоии Moderna ният дорад арзиши ваксинаашро барои як даври муолиҷа $50-60 муқаррар кунад, ки барои як воя тақрибан $25-30 мешавад.
Нархи мазкур барои Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои сатҳи даромади аҳолияшон баланд пешбинӣ мегардад. Дигар ширкатҳое, ки бо коркарди ваксинаи COVID-19 машғуланд, онро арзонтар фурўхтанианд. Аз ҷумла, ширкатҳои амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTtech як воя ваксинаашонро $19,5 нарх гузоштанианд, ширкати британию шведии AstraZeneca бошад - $3-4.
27 июл Moderna хабар дод, ки ба давраи сеюми озмоиши клиникии ваксина шурўъ мекунад. Дар он қариб 30 ҳазор ихтиёрӣ иштирок хоҳад дошт, ки дар ҷаҳон шумораи калонтарин аст.
ПАРИЖ АЗ ГАРМИЮ ХУШКСОЛИИ РЕКОРДӢ ДАР ҲОЛИ «СЎХТАН» АСТ
BFM TV. Дар пойтахти Франсия моҳи июл ба ҷои 62,3 миллиметри маъмулӣ, ҳамагӣ 8,5 миллиметр боришот шуд.
Моҳи мазкур дар таърихи беш аз 70 соли охири Париж моҳи хушктарин гардид: соли 1949 дар шаҳр буду шуд 6,2 миллиметр борон борида буд.
Тибқи маълумоти хадамоти обу ҳавои Франсия, ғайр аз хушксолии шадид ба кишвар гармои сахт низ таҳдид дорад. «31 июл назар ба ибтидои ҳафта гармо шиддат мегирад», - хабар медиҳад Météo France. Интизор меравад, ки ҳарорати ҳаво дар департаментҳои Жиронда, Ланд ва Биарне ба 40 - 42 дараҷа расад.
ХАДАМОТИ ВИЖАИ ЎЗБЕКИСТОН ГУРЎҲИ 16 - НАФАРАИ ТЕРРОРИСТИРО ОШКОР СОХТ
REGNUM. Кормандони Хадамоти амнияти давлатии кишвар дар вилояти Қашқадарё гурўҳи террористиро безарар гардонданд, - хабар медиҳад ХАД.
Ташкилотчии гурўҳ марди 52-солаи маҳаллӣ будааст, ки қаблан барои иштирок дар гурўҳи террористӣ солҳои 2004-2018 аз озодӣ маҳрум шуда буд. Ў ба гурўҳаш се писару ҷиянаш ва 11 сокини маҳаллиро ҷалб намудааст. Онҳоро ба сафари Сурия ва пайвастан ба гурўҳи террористии «Катиба Тавҳид вал-Ҷиҳод» даъват мекард.
ДАР АСТРАХАН ТАРБУЗИ САФЕД БО МАЗАИ БОДОМ ИХТИРОЪ КАРДАНД
АИР Новости. Аз ин хусус сардори корхонаи селексионию тухмипарварии «Устоди тухмӣ» Артём Соколов нақл намуд.
«Дар ҳама тарбузи маъмулӣ моддаи ликопин ҳаст, ки аллергияро меангезад. Тарбузи сафед аз он комилан орӣ, яъне безарар аст. Ғайр аз ин, дар даҳон мазаи бодомро ҳис мекунед», - гуфт Соколов.
Барои ихтирои навъи нави тарбуз олимон 15 сол сарф намуданд. Охири моҳи август онро барои озмоиш мефиристанд, то ки аз қайди давлатӣ гузаронанд. Дар ин сурат, аллакай, тобистони оянда дар мағозаҳо тарбузи сафеди бодомӣ пайдо мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 587