Хабарҳо
100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД
-Азбаски ширкати чинии ҶДММ «Нуриҳои Осиё» аз уҳдаи барқарорсозии корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии ҶСК «Азот» набаромад, тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 27 майи соли равон 100 дарсади саҳмияҳои корхона аз тариқи музояда бо арзиши ибтидоии 190 миллион сомонӣ ба фурўш гузошта мешавад. Дар назар аст, ки то фаро расидани фасли тирамоҳ масъалаи хусусигардонӣ ва фурўхтани ҶСК «Азот» ҳалли худро меёбад, - иттилоъ дод Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.
Номбурда дар посух ба суоли хабарнигори рўзнома дар бораи муқаррароти хусусигардонии ҶСК «Азот» гуфт, ки мувофиқи нақшаи хусусигардонӣ, пеш аз сар задани пандемияи коронавирус чанд ширкати бонуфузи ватанӣ ва кишварҳои Олмон, Италия, Малайзия ва Чин барои барқарорсозии ин корхона ба Ҳукумати кишвар дархост фиристода буданд. Баъди беҳтар гардидани вазъи равобити кишварҳо дар шароити пандемияи нави ҷаҳонӣ Озмуни байналмилалии фурўши саҳмияҳои корхона барои ширкатҳои ватанию хориҷӣ эълон карда шуд. Ҳоло ширкатҳои номбурда, паҳлуҳои иқтисодию тиҷоратии корхонаро мавриди омўзиш қарор дода истодаанд.
Корхона тавассути кашидани хати газ ба кор даромада, дар он, аз ҷумла ташкили беш аз 1200 ҷойи кор, истеҳсоли нуриҳои минералӣ барои таъминоти кишоварзони ватанӣ ва ҳам кишварҳои ҳамсоя муайян гардидааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 666