logo

Хабарҳо

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

Sputnik. Чин аз марҳилаи ниҳоии озмоиши ваксинаи коронавирус хабар дода, зикр мекунад, ки ин кор дар Бразилия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад.
Сабаби дар худи Чин ин амалро роҳандозӣ накардан камии  теъдоди маризони COVID - 19 мебошад. Ҳукумати кишвар эълом намудааст, ки то тирамоҳи соли ҷорӣ ваксинаи чинӣ алайҳи коронавирус мавриди истифода қарор мегирад.
Айни замон, тибқи гуфтаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, 13 ваксина дар саросари ҷаҳон дар ҳоли озмоишу истеҳсол аст.


ДАР АВРУПО БА SARS-COV-2 БЕШТАР ҶАВОНОН СИРОЯТ МЕЁБАНД
«Би-би-си». Кормандони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мушоҳида кардаанд, ки ҳафтаҳои охир миёни ҷавонони Аврупо шумораи мубталоёни вируси нав хеле афзуда истодааст.
Ба гуфтаи намояндаи минтақавии СҶТ дар Аврупо Ханс Клюге, маълумот доир ба сироятёбии ҷавонон аз хадамоти тандурустии бисёр кишварҳои қитъа меояд.
«Мо бояд ҳушёр бошем, зеро ин рақамҳои афзоянда метавонанд аломати бозгашти коронавирус ба бисёр давлатҳо бошад», - таъкид намуд Клюге.


КОРОНАВИРУС ҲАНӮЗ ҲАШТ СОЛ ҚАБЛ МЕТАВОНИСТ БА ОДАМ ГУЗАРАД
«Известия». Дар тадқиқоти хеш олимон Ҷонатан Лэтэм ва Эллисон Уилсон мегӯянд, ки вируси SARS-CoV-2 ҳанӯз соли 2012 дарёфт шуда буд.
Асоси хулосаи онҳоро кори илмии магистри донишгоҳи тиббии Кун Мин Ли Сюя ташкил медиҳад. Дар он аломатҳои шаш кӯҳкани он вақт бемори илтиҳоби шушшуда тавзеҳ ёфтаанд. Аломатҳо бо нишонаҳои коронавирус айният доранд, лекин чӣ тавр пайдо шудани илтиҳоби шуш рӯшан нест. Он вақт барангезандаи ин бемориро вируси кӯршабпараки зарди наълшакл ном доданд.
Аз ин тадқиқоти Ли Сюя муҳаққиқон ба хулоса расиданд, ки вируси маҳз ҳамон вақт ошкоркарда ба SARS-CoV-2 табдил ёфтааст.


ТАҲДИДИ НАВ БА ИҚТИСОДИ ИМА МАЪЛУМ ГАШТ
Bloomberg. Уфти зоиш дар ИМА баъди анҷоми пандемияи коронавирус ба иқтисоди амрикоӣ мушкилоти нав эҷод мекунад.
Солҳои охир коэффитсиенти умумии зоиш дар Иёлоти Муттаҳида аз 2,1 то 1,7 тифл ба як зан кам шуд. Ғайр аз ин, 34 дарсади бонувони амрикоӣ бинобар буҳроне, ки COVID - 19 ангехтааст, таваллуд карданро мавқуф гузоштан ё камтар фарзанд доштан мехоҳанд. Дар ҷараёни назарпурсӣ пажӯҳишгоҳи Гутмахер ва таҳлилгарони пажӯҳишгоҳи Бруклин ба чунин натиҷа расиданд.
Тибқи ҳисоби онҳо, соли оянда назар ба чашмдошти демографҳо дар ИМА ним миллион камтар кӯдак таваллуд мешавад. Якҷоя бо 150 ҳазор қурбонии коронавирус ин дар оянда ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ хоҳад расонд.


ДАР АВСТРАЛИЯ СЕ МИЛЛИАРД ҲАЙВОН БА КОМИ ОТАШ РАФТ
Gazeta.ru. Сӯхтори густурдаи ҷангал, ки аз тобистони соли 2019  кишварро фаро гирифтааст, боиси ҳалокати ин миқдори тасаввурнопазир гаштааст, - хабар медиҳад Фонди умумиҷаҳонии олами вуҳуш.
Аз моҳи июни соли гузашта то феврали соли равон дар маҷмӯъ, дар натиҷаи сӯхтори  ҷангал 2,46 миллиард хазанда, 143 миллион ҳайвони ширхор, инчунин 180 миллион паранда ва 51 миллион ғук нобуд шудааст.
Ин маълумот баъди 28 миллион гектар замини сӯхтаро тадқиқ намудани олимон ба даст омад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 283
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед