logo

Хабарҳо

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

Чанде пеш дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили рӯнамоии китобномаи ҳаштҷилдаи “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон”, ки шомили корномаҳои беназир ва фаъолияти омӯзандаи Президенти мамлакат мебошанд, баргузор гардид. Ин иқдом аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ, раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба роҳ монда шуд.
Нахуст, намоиши васеи китобӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Нодирҷон Солиҷонов, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ифтитоҳ бахшид. Ӯ зикр кард, ки маҳз иқдомҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи барқарории сулҳу оромиш дар кишвар, давлатсозӣ, созандагиву бунёдкорӣ, маорифпарвариву фарҳангсолорӣ ва худшиносии миллӣ дар таърихи даврони истиқлоли давлатии кишварамон сафҳаҳои тоза ва рангин боз намуданд.
Шариф Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ, оид ба пешравиҳои соҳаи фарҳанг ёдовар шуда, гуфт, ки  китобномаи мазкур аз лиҳози таҳия аз чанд ҷиҳат афзалият дорад. Аввалан, китобнома унвони ҳамаи асарҳоро ба забони асл тибқи қоидаҳои нав тасвир намуда, навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшударо аз рӯи соли нашрашон зери як асар бо нишон додани манбаъҳои интишорӣ пешкаш намудааст. Дуюм, мундариҷаи асарҳои калонҳаҷм шарҳ ва асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ мукаммал гардидаанд. Сеюм, тасвири тақризҳои марбут ба китобҳо мувофиқи қоида дар зери ҳамон китобҳо ҷой доранд. Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома аз рӯи соли чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудааст.
Дар охири ҳар як ҷилд хонанда барои осон дарёфт намудани маводи заруркумак метавонад ба феҳристҳои алифбоии сарлавҳаи асарҳо ва ашхос рӯ биёрад.
Китобномаи мазкур дар асоси захираи китобхонаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ, нашрияҳои библиографии Хонаи китоби Тоҷикистон ва манобеи электронии идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо таҳия шудааст.
Ба табъ расидани китобномаи  «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯи ҳаҷм, фарогирии мавод ва услуби китобноманигорӣ яке аз дастовардҳои назарраси соҳа на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меравад 

Абдулазиз ҚАЛАНДАРОВ,
шаҳри Хуҷанд
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 245
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед