logo

иқтисод

РОҲИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ КОРХОНАҲО ҶУСТУҶӮ МЕШАВАД

Матлаби «Саноат рӯ ба беҳбудӣ меорад», ки 14 феврали соли 2020 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№34, №23889) ба нашр расидааст ва дар он ҷузъан масъалаи аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ  мавриди интиқоди муаллиф қарор гирифтааст, дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав таҳлилу баррасӣ гардид.
Дар матлаб омадааст, соли гузашта аз 2164 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда (якҷо бо корхонаҳои хурд) 128 корхона ҳисоботи сифрӣ пешниҳод намуд ва 149 корхона умуман фаъолият накард. Зимни таҳлил зикр шуд, ки аксари далелҳои овардаи муаллиф дурустанд ва барои ислоҳи вазъ, тавре дар матлаб баён шудааст, андешидани чораҳои мушаххаси саривақтӣ зарур аст.
Иқтидори истеҳсолии солонаи корхонаи ҶСК «Нуриҳои Осиё» - и шаҳри Леваканди вилояти Хатлон бо хатҳои технологии даврони шӯравӣ 180 ҳазор тонна карбамидро ташкил менамуд.
Тибқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Гурӯҳи холдингӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли карбамид ва аммиак дар шаҳри Леваканд мебоист дар давоми 3 сол корхона барқарор карда мешуд. Маблағи умумии амалисозии лоиҳа 360 миллион доллари ИМА – ро ташкил медод. Муҳлати амалисозии марҳилаи якуми татбиқи лоиҳаи мазкур бо иқтидори солонаи истеҳсоли 120 ҳазор тонна аммиак ва 200 ҳазор тонна карбамид 1, 5 сол ва марҳилаи 2 - юм бошад,  бо иқтидори солонаи истеҳсоли 300 ҳазор тонна аммиаки сунъӣ ва 500 ҳазор тонна карбамид 3 солро дар бар мегирифт. Бо сабаби дар муҳлати созишномавӣ ҷудо нагардидани маблағ аз ҷониби ширкати чинӣ ин созишнома қатъ карда шуд.
Ҳоло барои ҳалли масъалаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ ду роҳи ҳал -  ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ тариқи тендер ва дастгирӣ бо маблағҳои буҷетӣ пешниҳод карда шудааст.
 «Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» дар музояда аз ҷониби ширкати «Казинвест минерал»-и Ҷумҳурии Қазоқистон харид шуда буд, аммо ин ширкат аз моҳи июли соли 2013 фаъолияташро қатъ кардааст. Дар ҶСК «КМ «Адрасмон» 621 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буданд. Айни замон дар корхона 60 корманд аз рӯи ҷадвали корӣ ба корҳои нигоҳдории кон ва ҳимояи  иншоот машғуланд.
Тибқи ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 18 ноябри соли 2016, «КМ «Адрасмон» бо даъвои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати давлат (дар симои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо 100 дарсади саҳмияҳояш баргардонда шуд. Айни замон вазъи молиявию иқтисодии ҶСК «Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» ислоҳи фавриро тақозо менамояд, яъне корхона ба ҷалби сармоя ниёз дорад. Як қатор пешниҳодҳои ширкатҳои Россия, Қазоқистон ва Чин барои сармоягузорӣ ҷиҳати ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намудани корхона мавриди баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
ҶДММ «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» бо сабаби аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар набудани коркарди маъдани кони «Мушкистон», ҷудо нагардидани 5 гектар қитъаи замин ва мутобиқат накардани технологияи мавҷудаи коркарди маъдан айни замон аз фаъолият бозмондааст. Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузарондани корҳои иловагии иктишофӣ – геологӣ ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» дастур дода шудааст, ки ҷиҳати ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаи мазкур чораҷӯӣ кунанд.

Заробиддин ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
вазири саноат ва технологияҳои
нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2020    №: 143    Мутолиа карданд: 283
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед