logo

фарҳанг

ТОҶИКОБОД. РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод оид ба амалисозии ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2019 - 2021 тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, тавассути барномаҳои грантӣ, вусъат бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ ва шарикии бахшҳои давлатию хусусӣ коргоҳҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфта, намудҳои  гуногуни хизматрасонӣ роҳандозӣ мегарданд.

Ибтидои соли гузашта дар назди муассисаҳои давлатии таълимии «Маркази таълими калонсолон» ва «Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод» курсҳои омӯзишии атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, устоҳои ҳунарманд аз вилояти Суғд ба 40 нафар духтарони маҳаллӣ маҳорати адрасбофиро омӯзонданд.
Дар ин муддат дар ноҳия коргоҳҳои дӯзандагии либосҳои занона, мактабӣ, варзишӣ, тиббӣ, сехҳои қаннодӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, кулолгарӣ, қуроқдӯзӣ, чакандӯзию сӯзанзанӣ, марказҳои хизматрасонии  кошонаи ҳусн ба фаъолият оғоз намуданд. Ба шарофати бунёду роҳандозии коргоҳҳои мазкур даҳҳо бонувони хонанишин дар деҳоти ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Ҷавондухтароне, ки пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хоҳиши ҳунаромӯзӣ доранд, тавассути лоиҳаҳои грантӣ дар деҳоти дурдасти ноҳия соҳиби касб мешаванд. Соли гузашта бо ташаббуси ҷамъияти «Фидокор» дар асоси бурсҳои  хурди USAID мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ  дар ноҳия имкон пайдо намуданд, ки 50 зани хонашинро бо кор таъмин намоянд. Дар коргоҳҳои дӯхти либоси варзишӣ ва қаннодии деҳоти Ширинчашма 20 нафар духтарони маҳаллӣ ба ҷои кор таъмин шуданд. Инчунин, 40  нафар духтарон дар деҳоти Шогадоев бо омӯхтани ҳунарҳои чакандӯзию сӯзанзанӣ, дӯхтани ниқоб, сарулибоси тиббӣ ва нозукиҳои қаннодӣ ба кор ҷалб гардиданд. Зиёда аз 40 нафар бонувони деҳоти Қалъаи Лаби Об  аз рӯи касбҳои кулолгарӣ, қуроқдӯзӣ ва 3 нафар бонувон  дар кошонаи ҳусни “Бонуи Тоҷикобод”  ба  кор ҷалб гардиданд. Дар деҳоти Лангари Шоҳ дар ин муддат коргоҳҳои дӯзандагию бофандагӣ,  наққошӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва мебел таъсис ёфта, ҳоло ба мизоҷон маҳсулоти хушсифат пешниҳод менамоянд.
Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти Нӯшор аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ коргоҳҳои оҳангарӣ, мевахушккунӣ, масолеҳи сохтмонӣ, дуредгарӣ, пахтатозакунӣ ташкил карда шудаанд, ки  айни ҳол фаъолияти назаррас доранд.
Коргоҳи дӯзандагии нав, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор” дар маркази ноҳия таъсис гардида, соли 2019-ум 4975 ҷуфт ва соли  равон барои муассисаҳои таълимӣ 5030 адад либоси мактабӣ пешкаш намуд. 
Лоиҳаҳои грантӣ низ, ки дар пайи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занону духтарон ва ҷалби онҳо ба кор пешниҳод мешаванд, натиҷаҳои судманд бор оварда истодаанд.

Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2020    №: 144    Мутолиа карданд: 105
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед