logo

фарҳанг

МЕҲРОВАР. АНДАР СИТОИШИ "ТОҶИКОН"-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Соле, ки китоби «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров тавассути нашриёти «Наука» (Москва – 1972) ба табъ расид, мо дар курси сеюми факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил менамудем. Ҳамон рӯзҳо ин китоби муқаддас аз шаҳри Москва ба Душанбе оварда шуд ва дар як муддати кӯтоҳ тавассути воситаҳои ахбори омма ба тамоми гӯшаву канори кишвар ин хушхабар паҳн гардид. Гӯё аҳли илму фарҳанги тоҷик ид дошт, иди фарҳанг, таъриху тамаддун, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ.
Китоби «Тоҷикон» - ро он замон ҳар кас дастрас карда наметавонист. Мо, донишҷӯён, тавонистем як нусхаи онро ёбему даст ба даст гардонда, аз он ҳаловат барем. Бо навбат китобро хонда, саволуҷавоб мекардем. Баъди дарс, бештар аз моҳе, корамон ҳамин буд. Он чи ки дар дили мо ба меҳр мубаддал гашта буду чун машъал забона мезад, аз дарсҳои таърихи физика сарчашма мегирифт.
Чун аз корҳои илмии ба қисмҳои гуногуни  физика бахшидаи фарзандони тоҷику форс ва Шарқ Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Абунасри Форобӣ, Умари Хайём ва дигарон бархӯрдор шуда, маълумоти кофӣ пайдо намудем, вобаста ба авзои замон бисёр мехостем таъриху тамаддун ва бузургони миллати худро донем, агар заррае тавонем, ба онҳо пайравӣ намуда, дар таърихи халқи худ нақшу ҳисса гузорем.
Хусусан, «Қурозаҳои табиат», яъне «Ҳодисаҳои табиат», ки саволу ҷавоби Абурайҳони Берунӣ ва Абуалӣ ибни Синоро дар бар мегирифт, бароямон ҷаззобу наҷиб буд. Маълум мешуд, ки бузургони гузаштаи мо дар соҳаи рушди физика, бахусус механика, ки як қисми ин фанни дақиқро ташкил медиҳад, нақши муҳим доранд…
Ҳамин тавр, китоби «Тоҷикон» меҳри моро ба таъриху тамаддун ва донишмандону бузургони миллати тоҷик бештару афзун менамуд.
Тақризҳои ғаразноки баъзе олимон оид ба «Тоҷикон» моро боз ҳам бедортар мегардонданд. Роҳи тайкардаи устод Бобоҷон Ғафуров, ки чун журналист, таърихшинос, шарқшинос, сиёсатмадор, мардумшинос, исломшинос фаъолият дошт, бароям мактаб гардид. Аз тамоми фаъолият ва осори ин бузургмард бархӯрдор гаштам.
Соли 1987 дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ ташкил кардам. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳар мактаб - маркази кишваршиносӣ», ки онро вазоратҳои маориф, фарҳанг ва Бунёди фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда буданд, дар байни ҳамаи осорхонаҳои мактабию ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани ҷойи аввал ва мукофоти зиёд, аз ҷумла 10 роҳхат ба шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд ноил гардидем. Ин буд ҷилое аз меҳри ман нисбат ба академик Бобоҷон Ғафуров, ки бо ҳидояти академик Аҳрор Мухторов забона мезад. Профессор Аҳрор Мухторов, ки шогирд ва муҳаққиқи ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров буд, ба коруборам баҳои баланд дода, маро дар мисоли хидматҳои барҷастаи ин фидоии халқу миллат маслиҳат медод. Китобҳои навиштаашро мунтазам бо соядаст ва суханони илҳомбахш мефиристод, ки ҳоло ҳамаи онҳо ва мактубҳояш дар бойгониам маҳфуз мебошанд.
Яке аз рӯзҳои моҳи октябри соли 1983 буд, ба номам аз профессор А. Мухторов лифофаи навбатӣ омад ва онро кушода дидам, ки баробари мактуби саломатӣ китоби А. Мухторов, Ш. Шарифов «Академик Бобожан Гафуров» ҳам буд. Китоб бо мазмуни «Ба Саидов Амирхон, аз муаллиф, 6 октябри соли 1983» соядаст дошт. Аз байн қариб даҳ сол гузашту ба номам лифофаи зебои дигаре омад. Онро кушода дидам, китоби сабзранге дар муқовааш «Аҳрор Мухторов» ва бо ҳарфҳои калон «Бобоҷон Ғафуров» навишта шуда буд. Чун варақи сеюму чорумашро кушодам, соядасти академик Аҳрор Мухторов бо чунин мазмун акс меёфт: «Ба дилдодаи таърихи халқи тоҷик, дӯсти деринаам Саидов Амирхон, А. Мухторов, 5 апрели соли 1993, шаҳри Душанбе».
Бо камоли майл, хурсанду хушбахтона «Бобоҷон Ғафуров» - ро мутолиа мекардаму аз хурсандӣ сарам ба осмон  мерасид. Чун ба сарлавҳаи «18. Машъали доим фурӯзон» чашм давондам, ин навишта бароям шинос намуд ва ба ёдам омад, ки ин сарлавҳаи мактуби ҷавобии ман буд, ки дар ҷавобу меҳрубониҳои профессор А. Мухторов нисбат ба академик Бобоҷон Ғафуров навишта ба он кас фиристода будам. Аз ҷумла, дар қатори дигар хотираҳову навиштаҳо нисбат ба устод Бобоҷон Ғафуров чунин сабт рӯ ба рӯ буд: «Муаллими физикаи мактаби деҳаи Доробии райони Ховалинг, вилояти Кӯлоб Саидов Амирхон: «Ман рӯзи 18 октябри соли 1983 дар қатори дигар мактубҳо лифофаеро гирифтам ва то кушодани он аз хурсандӣ саросема шуда, дар хусуси чи будани он ба дарёи андеша ғарқ шудам. Пас аз кушодан дидам, ки хазинаи пурганҷе доир ба устоди бузурги мо, кӯҳи илму маърифат, машъали ҳамеша фурӯзон - устод Бобоҷон Ғафуров будааст. Ӯро гирифта, аз рӯи эътиқоди ҷавонмардию ватандӯстона бӯса карда, ба дидаҳоям молидам ва ба қайд гирифтам. Устод, бовар кунед, ман худро боз ҳам бардаму қоматбаланд ҳис карда, ҳамин лаҳза аз хушбахттарин одамон ҳисоб кардам.
Чӣ гуфтану чӣ навиштани худро аз хурсандӣ қариб фаромӯш кардам…». Бале, Амирхон! Дигарҳо низ ин устоди бузургро ҳамчун машъали доимо фурӯзон эҳтиром мекунанд ва ҳамин навъ абадӣ Бобоҷон Ғафуров дар хотири насли ҳозира ва оянда нақш хоҳад баст…» (Нигаред Аҳрор Мухторов «Бобоҷон Ғафуров» (хотираҳо), «Дониш-1992, саҳ.94).
Дар ҳақиқат, ана ҳамон меҳр, муҳаббат, мактаби бузург ва бузургии академик Бобоҷон Ғафуров буд ва ҳаст, ки ман чун пайрави он кас ба таърихи халқу миллати худ рӯ оварда, ду осорхона: «Боғ - музеи Шӯриши Восеъ» дар зодгоҳи Қаҳрамони халқи тоҷик - Восеъ дар Дараи Мухтор ва осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ аввал дар мактаби деҳаи Доробӣ ва пас дар заминаи он дар  маркази ноҳияи Ховалинг ташкилу муҷаҳҳаз гардондам.
Дар ҳақиқат, имрӯз вақти он расидааст, ки тавассути воситаҳои ахбори омма, бахусус садову симои ҷумҳурӣ ҳаёт, фаъолият, осору паҳлуҳои серҷабҳаи зиндагиномаи олими бузург, шахси наҷиб, роҳбару сиёсатмадори беҳамто, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Бобоҷон Ғафуров ба оммаи васеи мардум, бахусус мактабиёну ҷавонон расонда шуда, машъали ҳаёту фаъолияти ин шахсияти нотакрору нодир доимфурӯзон бошад ва худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аз он сарчашмаву ибрат гирад. Академик Бобоҷон Ғафуров устоду мактаби мо буд, ҳаст ва мемонад…  

Амир Сайиди МУНКӢ, адиб 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2020    №: 144    Мутолиа карданд: 102
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед