logo

Хабарҳо

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

Сокини шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Исроил Муҳаммадиев ҳар ваҷаби ҳашт садяк замини наздиҳавлигиашро босамар истифода намуда, аз баракати он рӯзгори босаодат дорад.

- Мушкили норасоии оби полизиро бо сохтани ҳавз осон кардам. Онро  бо оби борон пур мекунаму бо роҳи обёрии қатраӣ истифода мебарам. Киштро вақте мегузаронам, ки замин аз бориши табиӣ нам бошад.  Имсол бе обёрӣ 250 килограмм картошка ба даст овардам. Сад килограммашро бо нархи чор сомонӣ аз хона гирифта рафтанд,- гуфт Исроил ҳавлии сарсабзашро муаррифӣ карда.
Исроил соли рафта аз як қитъаи хурд 300 дона харбузаи «Тоҷи зар»-у «Кӯкча» ва 230 дона тарбуз гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки дар замини наздиҳавлигии баъзеҳо ду  бех райҳон ҳам намерӯяд ва ҳама чиз харида аст.  Қисми зиёди харбузаю тарбузро фурӯхт, ба хешу таборон, наздикон тақдим кард. Ҳатто ба  пайвандонаш, ки дар пойтахт истиқомат доранд, туҳфа бурд.
- Дар кишти такрорӣ ба ҷойи картошка сабзию шалғам кишт кардам. Тирамоҳ сабзию шалғамро  меғундораму дар ҷояшон сирпиёз мекорам, яъне се ҳосил аз як замин. Харбузаю тарбузи имсола ранг овардаанд. Бовар аст, ки ҳосил аз порсола зиёд мешавад. Аз ҳосили  помидор ҳам даромади хуб ба даст меояд. Қаламфури булғорӣ, ангур, себу нок дорам. Аз бозор қариб ягон чиз намехарам, баръакс, қисми зиёди маҳсули деҳқониро мефурӯшаму камбуди хонаро буд мекунам.
Ҳақиқатан, кору бори  Исроил оид ба истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин шоистаи таҳсин ва амали ӯ барои ҳар сокини мамлакат намунаи ибрат аст.

Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 254
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед