logo

Хабарҳо

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

Ним сол боз табибону коршиносон боисрор тавсия медиҳанд, ки ҳар вақте аз хона баромадем, бояд ҳатман ниқоб пӯшида, фосилаи 1,5 - 2 метраро риоя кунем. Ин амалро беҳтарин роҳи эмин мондан аз сирояти коронавирус мегӯянд. Аммо, чанде пеш маълум гашт, ки чунин тавсия «куҳна» шудааст.

Директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сифати ҳаво ва саломатӣ Лидия Моравска ва муҳаққиқ Доналд Милтон аз Донишгоҳи Мериленд доир ба интиқоли ҳавоии COVID-19 тадқиқоти густурда гузаронданд, ки натиҷааш дар маҷаллаи "Clinical Infectious Diseases" дарҷ гардид. Тавре олимон муқаррар намуданд, вирус аз тариқи ҳаво назар ба фосилаи кунунии иҷтимоӣ, ки риояи онро СУТ тавсия додааст, хеле дуртар мепарад.
Ба гуфтаи профессор Моравска, зимни суръати муқаррарии ҳаво дар дохили бино қатраи панҷмиллиметраи коронавирус то даҳ метр парида, ба фарш аз баландии 1,5 метр менишинад. Яъне аз фосилаи иҷтимоӣ, ки ба он ҳама, аллакай, одат кардаем, қариб панҷ маротиба зиёдтар. Ба ибораи дигар, агар мо бидуни ниқоб дар фазои пӯшида, масалан дар автобус, қаҳвахона, муассисаи таълимӣ ё беморхона ҳатто бо як шахси сироятёфта ҳамроҳ бошем, сарфи назар аз риояи фосилаи иҷтимоӣ, хатари сироятёбӣ ниҳоят калон аст.
Профессор барои исботи фикр як озмоишро мисол меорад. Дар тарабхона се гурӯҳ одамон, ки бо риояи фосила нишаста буданд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд. Онҳо байни худ гап намезаданд, бавосита ё бевосита (тавассути ашёҳо) бо ҳамдигар тамос намегирифтанд. Сарфи назар аз ин аз як беморе, ки он ҷо буд, сироят ёфтанд. Интиқоли вирус бо ҳаво ба амал омад.
Тибқи тадқиқоти нав хатари гирифторӣ ба коронавирус дар ҷойҳои пӯшида бештар аз чизест, ки дар гузашта тасаввур мешуд. Он, ҳамчунин, исбот мекунад, ки интиқоли вирус бо ҳаво ба масофаи калон хатари воқеист. Ин роҳи гирифториро то кунун СУТ рад менамуд. Аз ин рӯ, аз ҷойҳои пӯшидаи серодаме, ки ҳавояш тоза карда намешавад, ҳатман канора бояд ҷуст  ва ниқоб бояд дошт. 

Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 321
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед