logo

Хабарҳо

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

Дар нимсолаи аввали соли 2020 Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 11 курс, аз ҷумла як курси азнавтайёркунӣ ва 10 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро ба роҳ монд. Дар доираи ин ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманди хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бо ҷалби 30 нафар дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб баргузор карда шуд.

- Курси мазкур барои бонувон - хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, шаҳри Душанбе ва чор ноҳияи он  ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар нимсолаи дуюми соли равон ба нақша гирифта шудааст, - гуфт  Ҷумъахон Давлатзода, директори агентӣ дар ҷамъбасти нимсолаи соли ҷорӣ. Ба гуфтаи ӯ шумораи хизматчиёни давлатӣ то 1 июли соли равон 18562 нафар, теъдоди занҳо 4355, ҷавонони то 35 - сола 8251 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди занон дар қиёс ба ҳамин давраи як соли пеш 77 нафар коҳиш ёфтааст.  Директори агентӣ, зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ Агентии хизмати давлатӣ лоиҳаи 7 санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия намудааст, ки аз он 2 санад қабул ва 2 санади дигар дар баррасии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 санад дар баррасии дигар вазорату идораҳо қарор дорад.
Гуфта шуд, ки дар ҷараёни санҷиш ҳолатҳои қисман риоя нагардидани қонунгузории хизмати давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои алоҳидаи баргузории озмунҳо, талаботи раванди аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, риоя нашудани талаботи тахассусӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, пешбурди парвандаҳои шахсӣ, тартиби ба вазифа таъйин ва озод намудани роҳбарони сохторҳои алоҳидаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳакимияти давлатӣ ошкор гардид.
Дар доираи Лоиҳаи JDS аз соли 2009 то инҷониб 62 нафар намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Суғд, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Хадамоти гумрук, инчунин, 11 нафар корманди Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуд. Аз 62 нафар 45 нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, 17 нафар таҳсилро идома дода истодаанд.

Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 316
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед