logo

Хабарҳо

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ба истиқболи Ҷашни 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯз дар маҳалҳои шаҳри  Хуҷанд ва марказҳои шаҳру навоҳии дигари вилоят намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои назар ба бозор то 30 дарсад арзон роҳандозӣ гардид.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни  намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди Театри мусиқӣ ва мазҳакаи ба номи Камоли Хуҷандӣ шинос шуда, бо деҳқонон, фурӯшандагон ва сокинони шаҳр мулоқот орост. Дар ин ҷо кишоварзони ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод картошка, пиёз, сабзӣ, зардолу, шафтолу, олу, себ, харбузаю тарбуз, гӯшту биринҷ, тухм ва маҳсулоти дигарро бо нархҳои дастрас пешкаши харидорон намуданд.
Зимни вохӯрӣ раиси вилоят ба масъулон супориш дод, ки ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардондани дастархони аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва нисбатан арзон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
- Деҳқонони вилоят дар мавсими имсола, бо вуҷуди мушкилиҳои пешовардаи бемории COVID-19,  бо такя ба дастурҳои табибон ва риояи қоидаҳои пешгирӣ аз беморӣ дар саҳро содиқона заҳмат кашида, ба рӯёндани ҳосили фаровон ноил гардиданд. Ҳамин аст, ки бозорҳои вилоят ҳама лабрез аз  самари дастранҷи марди деҳқонанд, - гуфт Хайрулло Бобозода, сардори раёсати  кишоварзии вилоят.     

Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 484
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед