logo

Хабарҳо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

УМЕДВОРИИ ОЛМОН АЗ ИМА
ТАСС. -Ҳукумати Олмон умедвор аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нисбати кишварҳое, ки дар лоиҳаи сохтмони хати лӯлаи гази «Маҷрои шимолӣ – 2» иштирок доранд, таҳримоти иқтисодӣ роҳандозӣ нахоҳад кард,- иброз дошт вазири иқтисод ва энергетикаи Олмон  Петер Алтмайер.
Ӯ илова намуд, ки мо барои муташанниҷ нашудани вазъ ҳамеша ба гуфтушунид омодаем ва манфиатҳои дигар давлатҳо, бахусус Украина ва ИМА-ро, ба инобат гирифтаем. Аз ҷумла, газ тавассути Украина интиқол дода шуда, дар шимоли Олмон барои қабули гази моеи ИМА терминалҳо сохта мешаванд.


ҚОИДАҲОИ НАВИ ВУРУД БА ДУБАЙ ВА АБУ-ДАБИ
РИА «Новости». Ҳукуматдорони Амороти Муттаҳидаи Араб барои  вуруди сокинони дигар манотиқи кишвар ва ҷаҳонгардон ба шаҳрҳои Дубай ва Абу-Даби қоидаҳои нав ҷорӣ намуданд. 
Аз ин пас, ҳамаи онҳо бояд то омадан ба ин шаҳрҳо ҳатман аз ташхиси COVID – 19 гузаранд, то саломат буданашон тасдиқ гардад. Дар ҳамин ҳол, кӯдакони то 12-сола ва маъюб аз ташхис озоданд.
Ҳамзамон, ин қоидаҳо ба сайёҳоне, ки аз Дубай ба Британияи Кабир ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тавассути тайёраҳо парвоз мекунанд, дахл дорад.  Бар замми ин, тамоми мусофирон дар фурудгоҳ зимни бақайдгирӣ бояд декларатсия оид ба  тандурустиро пешниҳод созанд.

ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНА АЛАЙҲИ COVID – 19 МОҲИ НОЯБР БА НАҚША ГИРИФТА ШУДААСТ
Лента. ру. Маркази давлатии илмии «Вектор»-и Федератсияи Россия нақша дорад, ки истеҳсоли ваксина алайҳи коронавирусро моҳи ноябр ба роҳ монад. Дар ин бора зимни мусоҳиба дар барномаи «Вести»-и шабакаи телевизионии  «Россия-1» сарвари марказ Ринат Максютов иттилоъ додааст.
- Аз ин лиҳоз,- илова намуд ӯ,- охири сол ва ё оғози соли оянда мо метавонем ба эмкунии шаҳрвандон шурӯъ намоем. Албатта, дар навбати аввал шахсоне эм карда мешаванд, ки масунияти онҳо нисбати дигарон заифтар аст ва, баъдан, марҳила ба марҳила эмкунӣ оммавӣ хоҳад шуд.


МУСОДИРАИ ЗИЁДИ АСЛИҲА ДАР 12 МИНТАҚАИ РОССИЯ
АИ REGNUM. Хадамоти федералии амнияти Россия ҳамҷоя бо ВКД ва Росгвардия дар доираи пешгирии истеҳсол ва фурӯши ғайриқонунии аслиҳа дар 12 минтақаи мамлакат амалиёти густурда гузаронд.
Чуноне иттилоъ дода мешавад, дар рафти он 42 нафар дастгир гашта, 22 устохонаи махфӣ баста шуд.
Ҳамзамон, кормандони мақомоти қудратӣ аз гардиши ғайриқонунӣ  179 силоҳи оташфишон, 15 кг маводи тарканда, зиёда аз 80 ҳазор тир ва амсоли инҳоро мусодира намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 330
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед