logo

иқтисод

ИСТАРАВШАН. САНОАТ СОҲАИ ОЯНДАСОЗ АСТ

Саҳми саноат  дар ғанӣ шудани буҷаи шаҳри Истаравшан аз 30 - 40 дарсади солҳои қаблӣ феълан то 65 -70 дарсад афзуда, омили калидии рушди муътадили иқтисодиёт, ободию зебоӣ, сарсабзии шаҳр ва муҳимтар аз ҳама, болоравии сатҳи зиндагии мардуми он гардидааст. Тавассути тадбирҳои роҳандозинамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар шаш моҳи соли равон нақшаи умумии тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ барзиёд таъмин шуд. Дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат соҳибкорони маҳаллӣ муваффақ шуданд, ки корхонаи зиёди истеҳсолиро бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
- Бартарии ин корхонаҳо дар он аст, ки онҳо дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада,  молҳои содиротӣ ва ивазкунандаи воридот истеҳсол мекунанд. Масалан, ҶДММ “Автошина”, ки чанд соли охир, асосан, ба воридоти чархҳои резинии мошинҳо машғул буд, тасмими наҷиб гирифта, бо бренди “Имкон” ба истеҳсоли 20 - 25 номгӯи молҳои ниёзи мардум - зарфҳои пластикии  барои рӯзгори аҳолӣ зарур оғоз кард ва соҳиби сертификати мутобиқати “Тоҷикстандарт” шуд. Қаблан ин маҳсулотро бо асъори хориҷӣ аз Чину Эрон меоварданд.  Пештар ин корхона истеҳсоли бозичаҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои стандартиро оғоз намуда буд, ки ин амал боиси шодиву нишоти тифлону волидайни онҳо гардид, - гуфт Амирхон Қурбонзода, раиси шаҳри Истаравшан.
Бино ба иттилои роҳбари истеҳсолии корхона Суҳробҷон Тошев, бо муътадил ба роҳ мондани фаъолият номгӯйи маҳсулоти истеҳсолӣ ба 80 намуд расонда мешавад. Ба кор даромадани ду коргоҳи нав шароит фароҳам овард, ки зиёда аз 50 ҷойи нави корӣ таъсис ёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 июли соли равон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварда, дар ҶСП “Оби зулол” ба фаъолияти коргоҳи дорои ду хати нави технологии истеҳсоли афшура ҳусни оғоз бахшиданд ва ба соҳибкорон дастур доданд, ки истеҳсоли афшураи ангурро ба роҳ монда, ҳаҷми маҳсулоти содиротиро зиёд намоянд.
Муассисону мутахассисони ҶДММ “Авангард 2013” низ дар истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда қадами нав ба пеш гузоштанд. Аз ин баъд соҳибони мошинҳои сабукрав ва боркаши шаҳру навоҳии кишвар имкон доранд, ки аз равғани босифати муҳаррики зери тамғаи “Standart 20W-50” - и  корхонаи мазкур истифода баранд.
- Ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръат дар кишвар талаботи замон аст. Ба ин васила ҳам ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, ҷавонони маҳаллӣ бо шуғли доимию музди кор таъмин мешаванд, ҳам маблағи калони асъори хориҷӣ дар дохили кишвар монда, ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад, - гуфт зимни суҳбат Нарзулло Саъдуллоев, директори ҶДММ “Покиза - 2013”.
Маҳсулоти ҶДММ “Покиза 2013” аз лиҳози сифат дар қатори панҷ корхонаи беҳтарини истеҳсоли равғани вилоят қарор гирифтааст. Тибқи нақша, ояндаи наздик дар корхона истеҳсоли равған аз дони офтобпарастро низ ба роҳ мемонанд.
- Ҳадафи ниҳоии ҷомеаи меҳнатии мо дарёфти бозорҳои нави фурӯш ва тавлиди маҳсулоти аълосифату аз лиҳози экологӣ тоза мебошад, - таъкид кард Нарзулло Саъдуллоев.
Корхонаҳои “Ноҳид” дар самти истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ, “Ҳадид” истеҳсоли  аломатҳои роҳ фаъолият намуда, дар татбиқи дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда нақши муҳим мебозанд.
- Ин раванд бебозгашт идома хоҳад ёфт, зеро замон тақозо мекунад, ки дар баробари ҳимояи бозори дохилӣ дар самти содирот ба  кишварҳои хориҷии наздику дур муваффақ шавем, - гуфт раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода.
То имрӯз дар ҳудуди шаҳр ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 274 иншооти муҳими дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар байни ин иншоот корхонаҳои навбунёди истеҳсолӣ ва коркарди маҳсулот бо фарогирии ҷойҳои бештари корӣ, ки фаъолияташон ба истеҳсоли молҳои содиротию воридотивазкунанда нигаронда шудааст, мақоми хоса доранд.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2020    №: 148    Мутолиа карданд: 393
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед