logo

Хабарҳо

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

Дар манотиқи кӯҳистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон, ки аз сатҳи баҳр дар баландии беш аз 2500 метр воқеъ аст, аз қадимулайём норасоии ғизо аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Алҳол бо мақсади расидагӣ ба ин мушкилот Ҳукумати кишвар чорабиниҳои зиёдеро роҳандозӣ  мекунад. Дар ин росто аз таҷрибаи шарикони рушд низ васеъ истифода мешавад.

Тавре аз раёсати кишоварзии вилоят иттилоъ  доданд,  чанд сол боз олимони соҳа дар минтақаҳои  баландкӯҳи вилоят - водии Булункӯл ва деҳоти Рангкӯли ноҳияи  Мурғоб, минтақаҳои болоии ноҳияи Ишкошим ва водии Бартанги  ноҳияи Рӯшон дар бобати парвариши рустаниҳои ғизоӣ, амсоли картошкаву сабзавот таҷриба мегузаронанд. Аз соли 2018  муассисаҳои пажӯҳишии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар мавриди таъминот бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ барномаи навро рӯи даст гирифтаанд. Тибқи ин барнома, Донишкадаи тадқиқоти манотиқи кӯҳистони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) истифодаи энергияи  гармии заминро дар парвариши рустаниҳои ғизоӣ мавриди таҳқиқ қарор  додааст.
Азиз Алӣ, корманди илмии Донишкадаи тадқиқоти манотиқи  кӯҳистони ДОМ дар шаҳри Хоруғ, ҳангоми суҳбат дар мавзеи тадқиқотӣ – деҳаи баландкӯҳи  Ҷелондии ноҳияи  Шуғнон, ки  чашмаҳои зиёди  оби  гарм дорад, чунин гуфт:
"Энергияи геотермалӣ, яъне гармии заминро барои истеҳсоли маводи ғизоӣ васеъ истифода бурдан имконпазир аст. Минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, ки замини  кам ва иқлими барои парвариши рустаниҳои ғизоӣ номусоид доранд, аз обҳои гарми зеризаминӣ хеле бой мебошанд. Айни ҳол ин   манбаъҳо танҳо барои табобати касалиҳои гуногун истифода мешаванд. Вале истифодаи гармии ин обҳо барои гарм кардани гармхонаҳо бо  мақсади парвариши сабзавот ва инчунин, мурғпарварӣ хеле фоидаовар аст".
Ба гуфтаи Сайфидин Сафармамадов, менеҷери Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, се сол боз Донишкадаи тадқиқоти манотиқи  кӯҳистон дар ҳамкорӣ  бо Донишгоҳи  давлатии  Хоруғ дар деҳаи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон истифодаи энергияи   геотермалиро барои гармхона ба роҳ мондааст. Натиҷаҳои аввалин нишон  доданд, ки  бо истифода аз гармии геотермалӣ дар баландӣ парвариш  кардани сабзавот имконпазир аст. Бо вуҷуди он ки деҳаи Ҷелондӣ аз  сатҳи баҳр дар баландии 3480 метр ҷой гирифтааст, дар ин ҷо аз гармхонаи  масоҳаташ 50 метри квадратӣ дар чор моҳ 700 килограмм сабзавот рӯёнда шуд.
Дар доираи ин барнома соли 2019 дар деҳаи Ҷелондӣ бо истифода аз гармии геотермалӣ ҳавзи хурде бунёд карда, ба он чӯҷаҳои  мурғобиро сар доданд. Парвариши мурғобӣ дар ин ҳавз низ натиҷаи дилхоҳ дод.   Ба гуфтаи Азиз Алӣ, тадқиқот дар ин самт минбаъд фарохтар шуда, доираи  васеи  парвариши   рустаниҳоро  фаро мегирад. Зеро ин усул нисбатан камхарҷ буда, зарфияти васеъро дорост.
- Энергияи геотермалӣ ҳадяи ройгони табиат аст ва истифодаи оқилонаи он  метавонад барои боло бурдани истеҳсоли маҳсулоти ғизоию сатҳи зиндагии  сокинони кӯҳистони Осиёи Марказӣ мусоидат кунад,- гуфт Азиз Алӣ.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 275
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед