logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли  2008 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ.1, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2009), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муҷозоти қисми 1 моддаи 332 калимаҳои «аз шаш моҳ то» хориҷ карда шаванд.
2. Дар моддаи 696 пас аз рақами № 329» калимаҳои «қисмҳои 1 ва 2» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 697:
– дар қисми 1 баъд аз калимаҳои «№ 328 қисми 2», калимаҳои «, 329 қисми 3» илова карда шаванд;
-сархати дуюми қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- сардор ё муовинони сардори идора (шӯъба, зершӯъбаи ҳайати Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, шӯъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилӣ), шӯъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилии шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ва дар сурати набудани чунин шӯъбаҳо (зершӯъбаҳо) нозири калони Бозрасии давлатии автомобилӣ оид ба ҳуқуқвайронкуние, ки дар моддаҳои 229, 230, 289, 310, 315, 317, 319-321, 322 (дар қисми риоя накардани тартиби муқарраргардидаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ), 324, 325, 327, 328 қисми 2, 329 қисми 3, 330  қисмҳои 1 ва 3, 331, 333 қисми 2, 335, 336, 337 қисми 1, 338, 339 қисми 1, 340-344, 346 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд;».
4. Дар моддаи 732 пас аз рақами №322» калимаҳои «(ба истиснои қисми риоя накардани тартиби муқарраргардидаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ)» илова карда шаванд.
5. Дар қисми 2 моддаи 745 рақами «749» ба рақами «748» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 750 рақами «736» ба рақами «735» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ   РАҲМОН
ш. Душанбе,  11 марти соли 2010, № 598

Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                     С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 январи соли 2010, № 1540

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 марти соли 2010, № 746


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1218

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед