logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи аз солҳои 1938 то 1948 қабул шудаанд

Моддаи 1. Санадҳои зерини қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи аз солҳои 1938 то 1948 қабул шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Қонун аз 14 июли соли 1938 «Дар бораи ҷуброн намудани хароҷоти вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ» (Иҷлосияи аввали Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоботи стенографӣ);
-Фармон аз 28 январи соли 1939 «Дар бораи таъсиси ноҳияҳо дар шаҳри Сталинобод» (Суратмаҷлиси № 6, 1);
- Қонун аз 21 майи соли 1940 «Дар бораи гузаронидани хати тоҷикӣ аз лотинӣ ба алифбои нави тоҷикӣ дар асоси хати русӣ» (Ҳисоботи стенографии иҷлосияи чоруми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум);
-Фармон аз 28 сентябри соли 1940 «Дар бораи навиштаҷоти матни тоҷикӣ дар нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суратмаҷлиси № 31, 2);
-Қонун аз 12 майи соли 1944 «Дар бораи таъсиси комиссариати халқии мудофиаи иттифоқи-ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Иҷлосияи ҳафтуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум, ҳисоботи стенографӣ);
-Фармон аз 27 марти соли 1946 «Дар бораи азнавтаъсисдиҳии Шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссариатҳои халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Суратмаҷлиси № 78, 20);
-Фармон аз 25 январи соли 1947 «Дар бораи муқаррар намудани унвони фахрии «Пешвари пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Суратмаҷлиси № 85, 26);
-Фармон аз 5 феврали соли 1947 «Дар бораи муқаррар намудани унвони фахрии ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Суратмаҷлиси № 85, 32);
-Фармон аз 20 декабри соли 1947 «Дар бораи имтиёзҳо ва бартариҳои пешниҳодшаванда ба шахсоне, ки бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд» (Суратмаҷлиси № 6,52);
-Фармон аз 28 августи соли 1948 «Дар бораи дигар кардани номи пиряхи Нотгемейшафт дар Помири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пиряхи ба номи Г. Е. Грумм-Гржимайло» (Суратмаҷлиси № 14, 4);
-Фармон аз 25 декабри соли 1948 «Дар бораи тартиби муносибатҳои муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони мансабдори он бо муассисаҳо ва шахсони мансабдори давлатҳои хориҷа» (Суратмаҷлиси № 17, 2).
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,11 марти соли 2010, № 602

Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи аз солҳои 1938 то 1948 қабул шудаанд»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи аз солҳои 1938 то 1948 қабул шудаанд» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                            С. ХАЙРУЛЛОЕВ
   ш. Душанбе, 24 феврали соли 2010,
   № 1556

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи аз солҳои 1938 то 1948 қабул шудаанд» 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи аз солҳои 1938 то 1948 қабул шудаанд» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи аз солҳои 1938 то 1948 қабул шудаанд» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 марти соли 2010, № 750


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 885

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед