logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, 69, № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, 167; с. 2002, № 11, мод. 675, 750; с. 2003, № 8, мод. 456, 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, 3 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, 447, № 10, мод. 803, № 12, қ.1, мод. 986, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7-8, мод. 501) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар Эзоҳи моддаи 292:
-калимаи «панҷ» бо калимаи «даҳ» ва калимаи «даҳ» бо калимаи «бист» иваз карда шаванд;
-сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Шахсе, ки кирдорҳои дар моддаҳои 292 ва 293 ҳамин Кодекс пешбининамударо содир намудааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар:
-ин кирдорҳоро бори аввал содир намуда, маблағи андозҳо ва (ё) пардохтҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳоро дар мӯҳлати сӣ рӯзи корӣ пас аз қабули қарори дахлдори мақомоти андоз пурра супорида бошад; ва ё
-ин кирдорҳоро такроран содир намуда, маблағи андозҳо ва (ё) пардохтҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳоро дар мӯҳлати даҳ рӯзи корӣ пас аз қабули қарори дахлдори мақомоти андоз пурра супорида бошад.».
2. Дар моддаи 293:
-дар номи модда калимаи «андоз» бо калимаи «андозҳо ва (ё) пардохтҳо» иваз карда шавад;
-қисми 1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«1) Саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳо бо роҳи пешниҳод накардани эъломия ва (ё) дигар ҳисоботи андоз дар ҳолате, ки пешниҳоди чунин эъломия ва (ё) дигар ҳисоботи андоз ҳатмӣ мебошад ё ба эъломия ва (ё) дигар ҳисоботи андоз дидаю дониста дохил кардани маълумоти таҳрифшуда, ки боиси ба миқдори калон пардохт нагардидани андозҳо ва (ё) пардохтҳо гаштааст, -
бо ҷарима ба андозаи то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.»;
-Эзоҳ дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Эзоҳ: Саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳо ҳангоме ба миқдори калон ҳисобида мешавад, ки агар маблағи пардохтнашудаи андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз даҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар ва ба миқдори махсусан калон аз бист ҳазор барои ҳисобҳо бештар бошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 марти соли 2010, № 600

Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид  ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                 С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2010, № 1552

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 марти соли 2010, № 748


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 772

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед