menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

иҷтимоиёт

Наврӯз ба осонӣ ҷаҳонӣ нашудааст

Ҷаҳонишавии Наврӯз ва ҷашни байналмилалӣ эълон шудани он барои мо, ворисони мардуми орёитабор,  муждаи фараҳбахшест. Ин амри хайр, ормони дерини ниёкони мо осон ба даст наомад. Он натиҷаи саъю пофишорӣ ва баҳсу мунозираҳои зиёду тӯлонии муҳаққиқони наврӯзшинос ва намояндагони сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистону Озарбойҷону Афғонистон ва Қазоқистону Қирғизистону Туркманистону Туркия аст.
Масъалаи таҷлили ҷашни Наврӯз ва густариши он дар ҷаҳон  давоми чанд соли ахири садаи ХХ ва аввали садаи ХХI дар мадди назари роҳбарони кишварҳои ҳавзаи наврӯзӣ қарор дошт. Аз ин рӯ соли 2004 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон нишасти аввали иҷлоси ҳамоҳангсозии кишварҳои баргузоркунандаи Наврӯз доир гашт. Мақсади он таҳияи тарҳи густариши маросимҳои наврӯзӣ ҷиҳати ҷаҳонишавии он барои ЮНЕСКО буд. Чун санади он нишаст фарогири тамоми паҳлуҳои ҷашни Наврӯз ва суннатҳои он набуд, пешниҳоди ҷаҳонишавии Наврӯзро СММ напазируфт.
Нишасти дувуми ҳамоҳангсозии кишварҳои баргузоркунандаи Наврӯз бо мақсади тадвини парвандаи ин ҷашн аз ҷониби 10 кишвар - Эрон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркия, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон пазироӣ шуд. Аммо дар он бо сабабҳои номаълум намояндагони кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон ва Туркманистон ширкат наварзиданд ва танҳо баъзе маводи видиоӣ ва авдиёиро  барои баррасӣ  ба нишасти дувум пешниҳод намуданд. Дар ин нишасти ҳамоҳангсозии Наврӯз аз ҳар кишвар масъулону муҳаққиқон ду – се нафарӣ ҳузур доштанд. Вале аз ҷумҳурии мо як нафар, яъне муаллифи ин сатрҳо, ширкат намудам.
Коршиносони бахши наврӯзи бисёр кишварҳо, аз ҷумла Озарбойҷон, Туркия ва Ӯзбекистон бо омодагии том ва филмҳои мустанади 10, 20 ва 45 дақиқаиву аксу тӯҳфаҳо омаданд. Моро аз ин сафар дер огоҳ намуданд ва чун фурсат  танг буд, аз рӯи эҳтиёт  як мусоҳибаи 25 дақиқаии тавассути симои Эрон суратгирифтаамро бо чанд акси гирдовардаи Дилшод Раҳимов, мудири шӯъбаи фолклори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, бо худ доштам.
Дувумин нишасти ҳамоҳангии кишварҳои баргузоркунандаи Наврӯзро субҳи  25-уми августи соли 2008 муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби  Муҳандис Исфандиёри Рақими Машоӣ ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба ҷашни Наврӯз ва фазилату вижагиҳои он сӯҳбати пурмӯҳтавои судманд ироа намуд. Инчунин дар маросими ифтитоҳӣ оқои Ҳон – раиси дафтари минтақаи ЮНЕСКО дар Теҳрон, ҷаноби дуктур Давлатободӣ, муовини раиси Созмони Мероси фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷаноби дуктур Саидбодӣ –дабири кулли комиссиюни миллии ЮНЕСКО дар Эрон суханронӣ намуда, ҳозиринро бо моҳият ва ҳадафи ин нишаст ошно сохтанд.
Нимаи дуюми рӯз мо ба ду бахш тақсим шудем. Гурӯҳи аввал ба таҳияи лоиҳаи матни тарҳи иҷлоси дувум машғул шуд. Гурӯҳи дувум аз филмҳои мустанади 10 - 60 дақиқаии 10 кишвар лаҳзаҳои муносибро интихоб намуд. Инчунин 30 акси манзаравии вижагиҳои наврӯзро баъди баррасии умум аз суратҳои гирдовардаи 10 кишвар баргузидем.
Аз Тоҷикистон суратҳои  оид ба маросимҳои «Гулгардонӣ», «Суманакпазӣ», манзараи гӯштии ҷашни наврӯзии Қалъаи Ҳисор, «Алавпарак» ва «Фалакхонӣ»-ро пазируфтанд.
Гурӯҳи аввал бояд моҳият ва вижагиҳои ин ҷашни бостониро дар матни ба ЮНЕСКО пешниҳодшаванда инъикос менамуд. Бо хоҳиш ва пофишории банда дар ин матн се сарчашмаи асосии ҷашни Наврӯз, ки иборат аз ҷанбаи нуҷумӣ ё гоҳшуморӣ – тақвимӣ, рукн ё мабдаи асотирии таърихӣ ва ҷанбаи савум марбут ба созгор будани он бо рӯзгори кишоварзиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми эронитабор, бояд дар матни ин санад мунъакис мегашт.
Ҷашни Наврӯз тибқи гоҳшумории хуршедии авастоӣ ҳангоми мусовӣ будани шабу рӯзи баҳорӣ дар нахустрӯзи моҳи Фарвардин, ки сол нав мешавад, таҷлил мегашт. Ин ҷашн аз пирӯзии рӯшноӣ ба торикӣ, гармӣ ба сардӣ, зебоӣ ба зиштӣ, некӣ ба бадӣ, шодмонӣ ба ғам ва эҳёи олами хуфта башорат медиҳад ва бо ҳаводиси кайҳонӣ иртибот дорад.
Ҷанбаи асотирии пайдоиши Наврӯз  дар сарчашмаҳои таърихиву адабии бостонӣ ба фаъолияти шоҳи чаҳорумини пешдодӣ Ҷамшед иртибот дорад. Даврони Ҷамшед дар «Яштҳо» даврони тилоӣ ва хушбахттарин айёми рӯзгори инсон тасвир ёфтааст. Дар он даврон ҳама чиз барои инсон муҳайё буд. Сармову гармо ва пириву рашку ҳасад вуҷуд надошт. Ҷамшед дар ҳафт кишвари Замин фармонфармо буд. Ин ҷанбаи ҷашни Наврӯз дар шахсияти шоҳ Ҷамшед бисёр муассир ва хотирмон аст. ӯ шахсияти ҷаҳонӣ ва маҳбубтарин чеҳраи даврони куҳани Эронзамин будааст.
Ҷанбаи савуми Наврӯз ба корҳои кишоварзӣ ва ҳаёти деҳот марбут мебошад. Мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, бо оғози Наврӯз ба корҳои деҳқонӣ ва чорводорӣ ҷиддӣ шуғл меварзанд. Ба Замин донаи умед мепошанд ва бо таронасароиву рақсу бозӣ чанд рӯзи наврӯзиро сипарӣ менамоянд. Шуаро шеърҳои наврӯзӣ эҷод месозанд ва муғаннӣ оҳангҳои наврӯзиро замзама мекунад. Бо маслиҳату машварати намояндагони Тоҷикистону Эрон ва Озорбойҷон ин ҷиҳати масъала дар он санад ҷой гирифт. Мо кӯшиш намудем, ки махсусияти башардӯстона ва инсонгароёнаи ин ҷашни бостониро ҳам мунъакис намоем. Ҷанбаи варзишӣ ва зебоипарастии ҷашнро низ вориди лоиҳа намудем.
Санади ба ЮНЕСКО пешниҳодшаванда, ҳамин тавр, тамоми вижагиҳои Наврӯзро ҳатталимкон фаро гирифта, ба забони инглисӣ таҳия гардид.
Баъди кори дастаҷамъонаи серӯза,  ки рӯзе 8 - 9 соат  идома дошт, бегоҳии  27 август ҳама маводи таҳияшударо пас аз баррасӣ такмил дода, барои ирсол ба ЮНЕСКО тасмим гирифтем.
ЮНЕСКО бояд ҷашни Наврӯзро дар асоси пешниҳод ва дастури омода намудаи мо ҷиҳати ба ҷашни байналмилалӣ ва сипас умумибашарӣ табдил додани он ба Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод менамуд. Инчунин дар иҷлоси дувумини ҳамоҳангии кишварҳои баргузоркунандаи Наврӯз тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати густариши суннатҳову анъаноти он  дар кишварҳои баргузоркунандаи ҷашни Наврӯз экспедитсияҳо роҷеъ ба ҷашни Наврӯз созмон дода шуда, интишори маҷмӯаву донишномаҳо, асарҳои илмии пажӯҳишӣ дар бахши суннат ва русуми наврӯзӣ, асарҳои мусиқиву санъати тасвирии фарҳангии Наврӯз, бозиҳо ва намудҳои варзишии мутааллиқ бо суннатҳои ин ҷашни бостонӣ ва умумибашарӣ ба маблағи ду миллион доллари америкоӣ лоиҳа таҳия гардида,  бахши тоҷикистонии он ба хазинаи Вазорати фарҳанг ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ирсол мегардид.
Навад фисади филмҳои мустанади 45 дақиқаии аз ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасишуда суннатҳои наврӯзии тоҷиконро дар бар мегирифт.  Ва мо  дар ин иҷлос тасмим гирифтем, ки дар оянда пажӯҳишро дар соҳаи ҷашни фархундаи Наврӯз ба роҳ монем. Ҳамдигарро аз корҳои пажӯҳишии хеш дар ҷараён гузорем. Ҷиҳати амалӣ шудани ин кори хайр ду монографияи банда «Наврӯз дар Варорӯдон»  ва «Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ» дар лоиҳаи таҳиянамудаи мо ворид шуд.
Баъди бозгашт ба Ватан  аз тариқи шӯъбаи тоҷикистонии миллии ЮНЕСКО баъзе саволҳоро дастандаркорони ин созмони байналмилалӣ ба мо аз Теҳрон ирсол намуданд. Ба саволи онҳо бо Дилшод Раҳимов  посухҳоро ирсол намудем.
Инак, имсол 23 феврал дар иҷлосияи навбатии 64-уми Маҷлиси умумии СММ таҳти унвони “Фарҳанги ҷаҳон” бо аксарияти овозҳо 21 март “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эълом гардид.

Рӯзии  АҲМАД,
фолклоршинос,
номзади илми филология,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт

КДАМ: «Писарони М. Зиёев дар байни фирориён нестанд»

Ҷоми футболи Тоҷикистон - 2010: бозиҳои чорякниҳоӣ оғоз ёфтанд

13.07.2010


Ҳайати ҳукуматӣ аз вилояти Хатлон боздид кард

Хишти нахустини “Хонаи Эрон”-ро гузоштанд

Душанбе: намоишгоҳи моли музофотҳои Чин ифтитоҳ меёбад

Ширкати “Аzizi croup” ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ монданист

JICA ба “Боғпарвар” техникаи кишоварзӣ тӯҳфа намуд

Мушовирони HORUS вохӯрӣ гузарониданд

“Тоҷикстандарт” дар истироҳатгоҳҳо назорати давлатӣ мегузаронад

“Чормағзак”: 63 метри нақбро канданд

Галина Митяева – қаҳрамони Осиё

“Регар ТадАЗ” мавқеи худро боз ҳам устувор кард

Карпов Илюмжиновро ба суди варзишӣ дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед