logo

Хабарҳо

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

ТАСС. Таҳримоте, ки ҳанӯз ҳам дар шароити вазнини паҳншавии пандемияи COVID – 19 нисбат ба Венесуэла, Эрон, Яман, Куба, Сурия ва Судон идома доранд, ҳуқуқҳои бунёдии сокинони ин кишварҳо, аз ҷумла ҳуқуқи онҳоро ба ҳифзи саломатӣ, поймол мекунанд.
Ин маънӣ дар изҳороти интишорнамудаи коршиносони Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва озодӣ, ки зери он  Алёна Духан (Беларус), Анйес Каламар (Франсия), Тлаленг Мофокенг (ҶАҶ), Обиора Окафор (Канада) ва Майкл Фахрӣ (Лубнон) имзо гузоштаанд, гуфта мешавад.  
Ба ин хотир, коршиносони СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаанд, ки барои ба аҳолии ин мамлакатҳо фиристодани доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ таҳримотро дар давраи хуруҷи коронавирус аз ин давлатҳо бардоранд ва ё, ақаллан, сабук намоянд.  


ҶОПОН МАШҒУЛИЯТҲОИ КИБЕРАМНИЯТӢ МЕГУЗАРОНАД
АИ «Regnum». Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷопон тирамоҳи соли равон бо иштироки бист мамлакат машғулиятҳои байналмилалӣ оид ба киберамният баргузор хоҳанд шуд. Дар ин бора рӯзномаи ҷопонии «Никкей эйшн ревю» иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин чорабинии ҷаҳонӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ ширкат меварзанд.
Мақсад аз машғулиятҳо андешидани чораҳои муассир ҳангоми киберҳуҷум ба шабакаҳои компютерии инфрасохтори калидии мамлакатҳо, бахусус иншооти энергетикӣ ва гидротехникӣ, мебошад.
Гуфта мешавад, ки бо сабаби пандемияи коронавирус машғулиятҳо ба тариқи он-лайн доир мешаванд.


БАРОИ ЭМКУНИИ АҲОЛИИ САЙЁРА  $100 МИЛЛИАРД ЛОЗИМ АСТ
«Лига новости». Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебреисус изҳор дошт, ки барои эмкунии аҳолии сайёра алайҳи бемории сироятии COVID – 19 беш аз 100 миллиард доллари ИМА зарур аст.
Ӯ ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Женеваи Швейтсария ироа намуд.
- Шояд ин ба назаратон зиёд намояд, вале агар онро ба инобат гирем, ки кишварҳои  G20 барои мубориза алайҳи паҳншавии коронавирус аллакай 10 триллион доллар ҷудо кардаанд, пас маблағи фавқуззикр ночиз хоҳад буд, – илова кард роҳбари СҶТ.  


БРИТАНИЯИ КАБИР ШУМОРАИ АЗ ҶОИ КОР МАҲРУМШУДАГОНРО ЭЪЛОМ ДОШТ
«Известия». Моҳҳои март – июл бар асари буҳрони иқтисодӣ, ки дар натиҷаи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ба амал омад,  730 ҳазор  британӣ аз ҷои кор маҳрум шуд.
Ин маълумот дар сомонаи Бюрои миллии омори Британияи Кабир интишор шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, моҳи июн шумораи бекорони муваққатӣ ва онҳое, ки аз Ҳукумати кишвар ҷубронпулӣ мегиранд, 7,5 миллион нафарро ташкил дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 297
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед