logo

иқтисод

ИСТЕҲСОЛИ ЗИНАГӢ. ПЕШНИҲОДИ ПРОФЕССОР ҶАЛИЛ ПИРИЕВ БАРОИ ФАРОВОНИИ КАРТОШКА

Гарчанде истеҳсол ва захираи донагиҳо соли 2019 нисбат ба солҳои буҳронии 2007 – 2008 зиёд буд, мувофиқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, охири соли гузашта 135 миллион шаҳрванди 55 кишвар ба буҳрони шадиди ғизоӣ мувоҷеҳ шуд ва тибқи пешгӯиҳо то охири соли равон ин рақам аз 250 миллион хоҳад гузашт. Бастани сарҳадҳо, ҷорисозии низоми карантин ва маҳдудият дар бозорҳо ба системаи тиҷорати байналмилалӣ таъсир расонда, дастрасии аҳолиро ба маҳсулоти ғизоӣ душвортар месозад. Аз ин раванд, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, Тоҷикистон низ дар канор буда наметавонад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат аҳолиро ба истифодаи самараноки ҳар порча замин ҳидоят месозанд. Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо директори Институти саноати кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзӣ профессор Ҷалил Пириев дар ҳамин мавзӯъ сурат гирифт.
- Муҳтарам Ҷалил Пириев, новобаста аз хуруҷи бемории коронавирус ҳам масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ солҳост, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дар солҳои буҳронии 2007 – 2008 беш аз 800 миллион аҳолии сайёра аз гуруснагӣ ранҷ мебурд. Ҳоло ин шумора аз 1 миллиард гузаштааст, яъне хатари норасоии озуқаворӣ сол ба сол зиёд мешавад. Ин раванди номатлуб чӣ пайомаде барои кишвари мо хоҳад дошт?
- Албатта, ҳарчанд иқлими Тоҷикистон имконият медиҳад, ки бо истифодаи босамари замин аҳолиро бо аксар маҳсулоти кишоварзӣ таъмин созем, ҳанӯз мушкилиҳое дорем, ки ҳалли таъхирнопазирро тақозо мекунанд. Яке аз чунин масъалаҳо нокифоягии ғаллаи истеҳсоли худист. То имрӯз мо талаботи аҳолиро бо ғалла пурра қонеъ карда наметавонем. Зеро суръати афзоиш зиёд асту замини корам кам. Тибқи меъёрҳои физиологии истеъмоли ғизо, ба 9,5 миллион нафар бо назардошти захира барои тухмии соли оянда, талафот ва хӯроки парандаю чорво на кам аз 2 миллион тонна гандум зарур аст. Аз ин танҳо 800 – 900 ҳазор тоннааш дар кишвар истеҳсол, боқимонда аз Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Россия ворид мешавад. Аммо бар асари карантин дар ин кишварҳо низ суръати киштукор паст ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ суст гаштаасту дар самти содироти мол маҳдудиятҳо ба миён омада истодаанд. Бо назардошти вазъи мавҷуда Сардори давлат ҳам талош доранд, ки тамоми захираву имкониятҳо мавриди истифода қарор бигиранду ба гирифтани се – чор ҳосил даст ёбем. Муҳимияти таъкидҳои ахирашон низ барои захираи ғизои дусола дар ин давра бори дигар исботи худро ёфтанд. 

- Бо рӯёндани ду – се ё чор ҳосил табиист, ки деҳқон манфиати бештар мебинад. Аммо чӣ мушкилист, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо кишоварзон ба ин кор камтар ҳавасманданд?
- Аксари деҳқонон ба фоидаи рӯёндани чанд ҳосил сарфаҳм рафтаанд. Кишоварзони минтақаи Вахш ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пас аз кишти ҷаву гандум, шолӣ ё помидор ва хӯроки чорво ҳам мегиранд. Аммо ин таҷриба на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҷорист. Деҳқононе, ки ба бозорҳои марказӣ дастрасӣ доранд, маҳсулоташонро бе мамониат мефӯшанд, аммо дар минтақаҳои дурдаст онҳоро мушкилиҳо домангиранд. Барои мисол, камии анборҳои нигаҳдории маҳсулот ва корхонаҳои коркарди он мушкилоти ҳалталабанд. Ҳатто дар баъзе маҳалҳо аз анбор ному нишоне нест. Масалан, соли 2018-ум 995 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд. Тибқи меъёри физиологӣ, таъминоти аҳолӣ 115 дарсадро ташкил дод, аммо боз норасоӣ ба миён омад, зеро бо сабаби набудани анборҳои замонавии нигаҳдории маҳсулот тақрибан 200 ҳазор тоннаи он нобуд гашт. Инчунин, ба ҳисоби миёна 200 ҳазор тоннаи дигарро деҳқон барои тухмӣ нигоҳ медорад ва таъминот ба 74 дарсад мерасад. Яъне, мавҷуд будани анбор беш аз 20 дарсади маҳсулотро аз нестшавӣ эмин медорад.
Далели дигар. Имсол ҳаҷми истеҳсоли пиёз дар ҷумҳурӣ афзуд. Дар водии Вахш нархи як кило то 20 – 30 дирам поён фаромад, ки ҳадди ақал хароҷоти ҷамъовариро намепӯшонад. Агар корхонаҳои коркарди пиёз медоштему онро хушконда бандубаст мекардем, ба хориҷи кишвар, алалхусус Сибиру Шарқи Дури Россия, бо арзиши гарон мефурӯхтем, бо ин роҳ, пеш аз ҳама, худи деҳқон фоидаи бештар дида, ҳавасманд мегардид.

- Пайдост, ки ҳалли проблемаҳои болозикр вақтро талаб менамояд. Айни замон бунёди марказҳои логистикӣ метавонад роҳи ҳалли мушкил бошад?
- Мутаассифона, проблемаи логистика садди роҳи рушди соҳа гардидааст. Дар шаҳру ноҳияҳои калонтарин баъзе нишонаҳои марказҳои логистикӣ ҳастанд, вале деҳот аз мадди назар дур мондааст. Нақлиёти  махсуси боркашонӣ нест, ки деҳқон молашро то маркази шаҳру ноҳия расонад. Барои 4 ё 6 тонна меваю сабзавот имкони киро кардани мошини махсусро надорад ва бо полизаш миёни саҳро сарсону ҳайрон мемонад. Ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллиро тақозо дорад. Зарур аст, ки бо мусоидати онҳо, яъне ҷалби соҳибкорон ва ба онҳо додани қитъаи замину муҳайёсозии дигар шароитҳо марказҳои хурди логистикии худмаблағгузор таъсис ёбанд ва дар асоси шартнома бо деҳқон ҳамкорӣ намоянд. Дар ин ҳол истеҳсолот ба маротиб меафзояд.

- Бо чунин тарзи кор метавонем фаровонии бозорро таъмин созем?
- Муҳайёсозии инфрасохтор як паҳлуи масъала аст. Ғайр аз ин, бояд истеҳсоли чандзинагии маҳсулотро дар водиҳо, минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ ба роҳ монем. Зеро анвои меваю сабзавот дар кишвар давра ба давра мепазанд. Бояд Вазорати кишоварзӣ бо назардошти ниёзи бозори минтақаҳо ба маҳсулот нақшаи нави ҷойгиркунии маҳсулоти кишоварзиро вобаста ба моҳҳо ва вақти пухтанашон омода созад. Дар доираи он бо деҳқонон машварат кардан лозим. Бо ин роҳ ҳам бозори фурӯши доимии маҳсулот ба миён меояду ҳам нарх танзим мегардад. Барои мисол, картошка аввали апрел ба бозор медарояд ва аз моҳи июл то сентябр, ки ҷамъоварӣ намешавад, арзишаш меафзояд, яъне то пухтани картошкаи тирамоҳӣ. Боз моҳҳои январ – март камчин мегардад. Нақшаи ҷойгиркуниро бо назардошти ҳамин омилҳо ташкил кардан зарур аст.
Воқеан, ҷойи таъкид аст, ки истеҳсолоти зинагӣ бартариятҳои зиёд дорад ва роҳи хуби таъмини амнияти озуқаворист. Танҳо тақозо мешавад, ки корро дуруст ташкил намоем. Дар мисоли сабзавот метавонем марҳилаи аввали киштро дар минтақаҳои Бохтару  Кӯлоб (ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Носири Хусрав, Панҷ ва қисман Дӯстӣ, Вахш, инчунин Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба роҳ монем. Зинаи дуюму сеюмро дар ноҳияҳои дар водӣ ҷойгирбуда ва кӯҳию наздикӯҳӣ ташкил кунем. Ҳосил дар ин мавзеъҳо пай дар пай пухта мерасад. Танҳо барои ба бозор расондани он шароит муҳайё кардан даркор аст. Дар ин сурат сабзавот дар бозор бе тағйирёбии нарх фаровон мешавад. Дар мисоли зироатҳо низ чунин тарзи корро ба роҳ мондан имкон дорад.

Меҳрангез ҚОДИРОВА,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 378
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед