logo

дигар

Иштироки Президенти кишвар дар анҷумани байнипорлумонии Тоҷикистону Русия

24 октябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар ифтитоҳи Анҷумани 3-юми байнипорлумонии «Тоҷикистон-Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» иштирок ва суханронӣ  намуд.
Дар анҷумани мазкур шумораи  зиёди сиёсатмадорон, намояндагони  палатаҳои порлумонҳои ду кишвар, маъмуриятҳои  минтақавӣ ва доираи васеи соҳибкорони Тоҷикистону Русия иштирок намуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ  Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни  муносибатҳои  имрӯзаи  ду кишвар, ки дар соҳаи  иқтисод ва савдо рушди бонизом касб намудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти  мол байни Тоҷикистону Русия дар 5 соли охир се баробар афзуд ва имрӯз сарчашмаи 60 дар сади  тамоми инвеститсияҳои хориҷииТоҷикистон аз Русия аст.
Аз густариши робитаҳои байни минтақаҳои  ду кишвар низ қаноатмандӣ зоҳир шуд, зеро  ба гуфти  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон бо наздики  80 минтақаи  Русия робитаҳои  судбахши мустақим дорад.
Ҳамзамон бо ин Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки имконоти аз истифодаи тарафҳо дурмондаи ҳамкории иқтисодӣ ҳанӯз хеле зиёданд, «пеш аз ҳама дар аз худ кардани захираҳои фаровони  гидроэнергетикӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ва уран».
Ба  гуфти ӯ  бисёр лоиҳаҳои  калонҳаҷму пурманфиат  мунтазири сармоягузорони хориҷӣ аст ва иштироки сармояи Русия дар онҳо дорои манфиати зиёд барои ҳар ду кишвар ва минтақа хоҳад буд.
Дар ифтитоҳи анҷуман ҳамчунин Раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Русия Сергей Миронов суханронӣ карда, устувории мавқеи  сиёсии кишвари худро баҳри  рушди ҳамкориҳои  гуногунсоҳа ва пеш аз ҳама ҳамкориҳои  иқтисодӣ таъкид намуд.
Сергей Миронов густариши ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, истихроҷ ва коркарди  нафту газ ва уран аз самтҳои  афзалиятнок маънидод кард.
Аз ҷониби ӯ  ба нақши  Тоҷикистон  дар рушди  ҳамкориҳои дуҷониба ва муттаҳидсозии имконоти муштарак дар доираи  ИДМ ва дигар созмонҳои  минтақавию ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 13454

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед