logo

суханрониҳо

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон, 20 августи соли 2020

Ҳамватанони азиз!
Қабл аз ҳама, ба тамоми сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Рӯшон барои истиқболи самимӣ изҳори сипос мекунам ва ба ҳар яки онҳо хонаи обод, иқболи нек ва дар ҷодаи амалӣ намудани нақшаҳои созанда, ба хотири пешрафти Тоҷикистони азиз, барори кор орзу менамоям.
Таассуроте, ки мо имрӯз аз ҷараёни корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва, умуман, фаъолияти ободгаронаи мардуми ноҳия бардоштем, бори дигар собит менамояд, ки сокинони ноҳияи Рӯшон барои пешрафти диёри худ ва таҳкими пояҳои иқтисодии давлатамон содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Бо қаноатмандӣ иброз менамоям, ки ҳоло сокинони заҳматқарин ва бонангу номуси ноҳия бо шукргузорӣ аз неъмати озодиву истиқлол ва оромиву суботи кишвар дар ҷодаи ободии сарзамини аҷдодӣ бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Зимни сафари корӣ мо бори дигар шоҳиди он гардидем, ки бо дастгирии давлату Ҳукумат ва ташаббуси шахсони саховатпеша корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия бомаром идома ёфта истодаанд.
Имрӯз мо дар маркази ноҳия дар маросими ифтитоҳи бинои мактаби замонавии дорои беҳтарин шароит бо 640 ҷои нишаст, барафрохтани Парчами давлатӣ бо майдони зебои он, майдончаи варзиш, филиали “Амонатбонк” ва Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ иштирок кардем. Барои бунёди мактаб аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 20 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, сохтмони он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент анҷом дода шудааст. Дар баробари ин, дар ноҳия бунёду таҷдиди боз даҳҳо иншооти дигари таъйиноти иқтисодиву иҷтимоӣ идома доранд.
Ҳукумати мамлакат дар муддати 29 соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушду тараққиёти ноҳияи Рӯшон ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳамияти доимӣ зоҳир намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст. Дар ин давра барои рушди ноҳия ва дастгирии буҷети он аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 510 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар ҳаҷми 190 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ, равона гардидааст. Инчунин, тайи ин солҳо дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 80 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло амалишавии ду лоиҳаи дигар дар самти мустаҳкам намудани инфрасохтори зидди офатҳои табиӣ ва лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID – 19 дар Тоҷикистон идома дорад, ки то ба имрӯз ҷиҳати татбиқи он 11 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳия 678 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 19 фоиз зиёд гардидааст.
Дар ҳудуди ноҳия бо мақсади ҳалли мушкилоти мардум дар доираи лоиҳаи мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди офатҳои табиӣ сохтмони се пул дар назар дошта шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рӯшон, дар маҷмӯъ, 314 иншооти таъйиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 183 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супурда шудааст. Аз ин шумора 77 иншоот аз ҳисоби Ҳукумати кишвар ба маблағи 92 миллион сомонӣ бунёд ва таҷдид гардида, ин раванд бомаром идома дорад.
Аз шумораи умумии иншооти мавриди истифода қарордодашуда, ба соҳаҳои маориф 45 иншоот ба маблағи 35 миллион сомонӣ, тандурустӣ 44 иншоот ба маблағи 6 миллион сомонӣ ва роҳу нақлиёт 19 иншоот ба маблағи 66 миллион сомонӣ рост меояд.
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2016 – 2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ татбиқи 127 лоиҳа ба маблағи беш аз 138 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз иҷрои он 62 фоиз таъмин гардидааст.
Бояд гуфт, ки пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат омили бисёр муҳими дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ мебошад. Бинобар ин, Бонки миллӣ ва дигар сохтору мақомоти марбута бояд доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва дастгирии соҳибкорон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар давоми дую ним соли охир ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон ва аҳолии ноҳия 15 миллион сомонӣ қарз додаанд. Дар шаш моҳи соли 2020 ҳаҷми қарзҳои ба субъектҳои хоҷагидори ноҳия додашуда 3,7 миллион сомониро ташкил додааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст, вале ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Бо мақсади қонеъ кардани талаботи рӯзафзуни субъектҳои соҳибкорӣ ба маблағҳои қарзӣ, ба бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани эътимоднокӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи қарзӣ ва осон гардондани дастрасии соҳибкорону хоҷагиҳои деҳқонӣ ба воситаҳои молиявӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Соҳаи кишоварзӣ манбаи асосии ба шуғл таъмин гардидани сокинони ноҳия ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии онҳо мебошад. Яъне, шумораи асосии аҳолии қобили меҳнати ноҳия дар ин соҳа фаъолият дорад ва қисми зиёди даромади буҷети маҳаллӣ аз ин ҳисоб таъмин мегардад. Аммо соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия назар ба соли 2018-ум 12 фоиз кам шудааст. Таъкид месозам, ки соли 2019 майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия зиёд шудааст, вале бо вуҷуди ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла ғалладонагиҳо ва сабзавоту мева, коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин, дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 майдони боғҳои нав қариб 4 баробар кам шудааст.
Саршумори ҳамаи намуди чорво қариб бетағйир монда, рушди истеҳсоли маҳсулоти чорводориву рустанипарварӣ ба назар намерасад, ки чунин вазъ андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.
Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони ноҳия, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳа супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, дар муҳлатҳои мувофиқ ва бо истифода аз тухмии хушсифат гузарондани кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво ва, дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, роҳбарони вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ дар фасли зимистон ва захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, доир ба бунёди сардхонаву анборҳо чораҷӯӣ намоянд.
Ҳудуди ноҳия барои тараққӣ додани соҳаҳои кишоварзиву саноат ва хизматрасониҳои логистикӣ хеле мусоид буда, дар ин самту соҳаҳо имкониятҳои васеи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мавҷуданд.
Ҳоло дар ноҳия се корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда бо дарназардошти захираву имкониятҳои мавҷуда қонеъкунанда нест.
Илова бар ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 24,5 фоиз, аз ҷумла нон ва маҳсулоти нонӣ 53,7 фоиз кам шудааст, ки ин худ гувоҳи пурра истифода нашудани имконияту захираҳои мавҷуда мебошад.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар давоми ду соли охир тавассути дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва ҳиммати соҳибкорону падару модарон дар муассисаҳои таълимии ноҳия қариб 1200 ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст, ки, албатта, дар самти донишомӯзии хонандагон ва фаъолияти кории омӯзгорон таъсири мусбат мерасонад.
Ҳоло аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳия идома дошта, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз якчанд муассисаҳои таълимӣ ба истифода супурда мешаванд.
Дар баробари ин, дар соҳаи маорифи ноҳия то ҳол масъалаҳои ҳалталабе вуҷуд доранд, ки ҳаллу фасли онҳо аз мақомоти дахлдор масъулияти ҷиддиву саривақтиро тақозо менамояд. Аз ҷумла, иҷро нагардидани нақшаҳои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ барои солҳои 2018 – 2020 (ҳамагӣ 20 фоиз) ва Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2015 – 2020 аз масъалаҳои ҳалталаб мебошанд.
Ҳамзамон бо ин, дар ҳудуди ноҳия ду муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, панҷ муассисаи дигар бо сабаби таъмирталаб будан, ба сохтмони бинои иловагӣ ниёз дорад, ки андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшон супориш дода мешавад, ки ҷиҳати бартараф намудани масоили ҳалталаби соҳаи маориф ва таълиму тарбияи ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, барои фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар зарфи 10 соли охир вобаста ба беҳдошти саломатии аҳолии мамлакат ва таъмин намудани фаъолияти муназзами муассисаҳои соҳаи тандурустӣ зиёда аз 20 барномаи давлатӣ қабул гардида, Ҳукумати мамлакат маблағгузории соҳаро сол ба сол афзоиш дода истодааст.
Соли гузашта дар ноҳия бо ҷалби сармояи хориҷӣ ду бунгоҳи саломатӣ бо арзиши қариб як миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, як бунгоҳи тиббии дигар соли ҷорӣ ба хизмати сокинон супурда мешавад.
Дар ин самт ба масъулини соҳа, пеш аз ҳама, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои тандурустии вилоят ва ноҳия зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи мақсадноки маблағҳо, таҷҳизоти тиббӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббӣ, беҳтар намудани шароити моддиву техникии онҳо, инчунин, бозомӯзии мутахассисон ва тарбияи кадрҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар шароити паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, алалхусус пандемияи каронавирус, ки аҳолии сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикистонро ба изтиробу ташвиши ҷиддӣ гирифтор кардааст, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ, тозагӣ, иҷрои тавсияҳои мутахассисону табибон ва пешбурди тарзи ҳаёти солим барои ҳар як фарди ҷомеа бисёр муҳим мебошад.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар марҳалаи кунунии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аҳли зиё, фаъолон, ходимони дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Мову шумо ҳамчун созандагони давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ дар давраи омодагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ –  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Ҳамаи мо вазифадорем, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ин санаи бузурги таърихӣ саъю талош намоем, мардумро ба заҳмати созандаву ободгарона ва наврасону ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, риояву иҷрои талаботи қонунҳо ва таъмини волоияти қонун ҳидояту раҳнамоӣ созем. Дар ин раванд зарур аст, ки итоат ба қонун ва иҷрои ҳатмиву бечунучарои муқаррароти қонунҳо ба одати ҳаррӯза ва тарзи ҳаёти ҳар як шаҳрванд табдил дода шавад.
Мо роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаем ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон вазифадору уҳдадорем, ки ба қонун итоат кунем ва танҳо дар доираи қонун зиндагиву кору фаъолият намоем. Зеро, тибқи таҳлилҳо, дар ноҳия вазъи риояи талаботи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ чандон қонеъкунанда нест. Инчунин, дар ноҳия муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дигар қонуншиканиҳо ташвишовар мебошад.
Ҳар яки мо бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳон ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлат омода бошем, суннатҳои неки миллиамонро риоя намоем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия кунем.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳия минбаъд низ шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани орому осударо ба ҷо оварда, бо такя ба анъанаҳои неки аҷдодиамон бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.
Барои амалӣ гардидани ҳадафу ормонҳои нек ба кулли сокинони ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини ноҳияи Рӯшон, пеш аз ҳама, саломатӣ, хонаи ободу рӯзгори пурфайз ва барору муваффақият орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2020    №: 158 - 159    Мутолиа карданд: 510
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед